Ин субҳ модари овозхони машҳури тоҷик Авзалшоҳ Шодиев дунёро падруд гуфтанд.
Хабарнигор Фарзон Машарипов дар саҳифаи шахсияш аз марги модари овозхон хабар додааст.
“МОҲБОНУ РАҲМОНОВА - МОДАРИ АФЗАЛШО ШОДИЕВ ИН СУБҲ ҶОН БА ҶОНОФАРИН СУПОРИДАНД”-навиштааст Фарзон Машарипов, вале маълум нест, ки модари овозхон аз чӣ беморӣ даргузаштааст.
Ҷанозаи модари ин устоди санъати тоҷик имрӯз соати 14-00 дар деҳаи Ғӯсари Ҷамоати Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент баргузор мегардад.
Мо, аҳли қалами сомонаи “Оила. ТЧ” ба сарояндаи нотакрор Афзалшоҳ Шодиев изҳори ҳамдардӣ намуда, дар таҳаммули ин фоҷиа барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонем. Дуо мекунем, ки ҷойгоҳи модари меҳрубон ҳамеша дар биҳишти ҷовидон бошад!