Arzon march 2024
Модарам аз келини олуфта безор аст, вале...
1899

Салом ба кулли мухлисону алоқамандони сомонаи Оила. ТЧ!
Сараввал аз якояки шумо узр мепурсам, ки номи аслиамро ифшо карда наметавонам, чунки ёру ҷӯраҳои зиёде дорам ва агар фаҳманд, ки ба редаксия дарди дил кардаам, албатта ба ҳолам механданд.


Ман дар зиндагӣ аз чизе камбудӣ надорам. Нав ба синни 24 қадам ниҳода бошам ҳам, аллакай соҳиби ду маълумоти олӣ, ҷойи кори хуб, мошин ва хонаву дари алоҳида ҳастам. Ба ғайр аз кори асосиам боз кам-кам бо тиҷорат машғулам ва шукри худо ба касеву чизе мӯҳтоҷ нестам, аммо як мушкил дорам. Ҳамин сол нияти оиладор шудан дорам. Азбаски бахши русии донишгоҳро хатм кардаам, духтарҳои олуфтаро дӯст медорам. Мехоҳам ҳамсарам ба сару сураташ диққат диҳад ва ҳамеша ороставу пероста бошад, вале модарам Саида ном духтараки деҳотиро таги чашм кардаасту ду пояшро ба як мӯза андохта мегӯяд, ки агар фарзанди ман бошӣ, ҳамин духтарро ба занӣ мегирӣ. Ба гуфти модарам, Саида бисёр духтари боодоб ва сарпаст буда, аз хати кашидаи падару модараш берун намебаромадааст. Модарам боварӣ дорад, ки аз чунин духтар келини хуб мебарояд ва Саида барои ман ҷуфти беҳтарин аст, аммо худи ман ба ин ақида тамоман розӣ нестам. Як бор арӯси таги чашм кардаи модарамро аз наздик дидаму дилам ях барин хунук шуд.
Саида ба мулоқот ҳамроҳи модараш омада ба тамоми саволҳои ман танҳо ҳа ё не гуфта ҷавоб мегардонду халос. Тарзи либоспӯшӣ ва муомилаву рафтору кирдораш тамоман ба ман писанд наомад. Духтари зебо бошад ҳам, маданияти либоспӯширо намедонистааст. Саида ба кӯдаке мемонад, ки як умр бояд касе аз дасташ гирифта гардад, вале ман чунин зан гирифтан намехоҳам.
Мехоҳам ҳамсарам духтари зебову олуфта ва зираку донову ҳунарманд бошад, то даст ба дасти ҳамдигар дода, зиндагиро пеш барем, аммо модарам ҳеҷ маро фаҳмидан намехоҳад. Кампири якрав “Ман аз келини олуфта безорам, он духтарҳое, ки ту мегӯӣ, ба ғайр аз рангу бор кардани лабу рӯяшон дигар ягон ҳунар надоранд” гӯён ду пояшро ба як мӯза андохта истодааст, ки хоҳӣ-нахоҳӣ бо ҳамин Саида оиладор мешавӣ. Тамом, васалом!
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам: Модарам хафа нашаванд гуфта, тақдирамро бо духтаре, ки ба ман тамоман писанд ва муносиб нест, пайвандам ё ошкоро ба модари Саида бигӯям, ки ман духтари ӯро ба занӣ гирифтанӣ нестам, беҳуда умедвор нашавад?
М. Д, сокини ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД