Formula novemver 2024
Модар чӣ гуна, духтар намуна
4021

 Соат аз як поси шаб гузашта буду ақрабаки он ба дувоздаҳ наздик мешуд. Дар ин вақт мардуми деҳот кайҳо ба хоби ноз рафта буданд, аммо чароғи хонаи Мадина ҳанӯзам фурӯзон буд.

Худи ӯ аз ин тарафи хона ба он тарафи хона қадам мезаду дам ба дам бо ду дасташ сарашро дошта “уф-уф” мегуфт. Мисли мурғи посӯхта ҷои нишаст намеёфт.

“Ба ту ним соати дигар вақт. Агар дар соати гуфтаам ба ҷои ҳарвақта ҳозир нашавӣ, ба хонаатон даромада, туро дар назди бибият шарманда мекунам. Обрӯятро дар миёни мардуми деҳа ба як тини пучак баробар мекунам. Ту нағз медонӣ, ки ин кор аз дасти ман меояд. Барои ҳамин зудтар омода шуда, биё.”

Ин суханҳо ба ёдаш меомаданду аламаш дучанд зиёд мешуд. Мехост бо тамоми овоз фарёд бизанад, ки чаро ӯ то ҳол духтари озод нест, чаро ӯ бояд барои ҳар кор иҷозат бигирад, чаро ӯ барои аз хона баромадан бояд рухсат бипурсад, чаро, чаро?

Ӯ мехоҳад духтари озод бошад. Кай хоҳад, аз хона барояд ва кай хоҳад, баргардад. Дили ӯ бисёр чиз мехоҳад, аммо модарбузургаш ба ин ҳама хостаҳои ӯ зид мебарояд.

-Духтар мардум бояд камтар шарму ҳаё дошта бошад. Барои духтар номус дар ҷои аввал аст. Вақте ту нангу номус дошта бошиву сархам бошӣ, дар хонаи шавҳар соҳиби бахту тахт мешавӣ. Агар ору номусатро аз даст дода бошӣ, аз саге беш нестӣ. Духтарам, ман туро модарвор насиҳат мекунам, ки ба роҳи рафтаи модарат нарав, хатои такроркардаи ӯро ту такрор накун, ки оқибати вазнинро ба бор меорад,-мудом модаркалонаш ба Мадина насиҳат карда, ӯро ба роҳи росту дуруст ҳидоят мекунад, аммо гап гапи худи Мадина. Худаш шоҳу табъаш вазир. Як калима гапи ноҷо гуфта, дар бало мемонӣ. Дар шаттоҳиву шайтонӣ таҷрибадор. Афсӯс, ки панҷ панҷа баробар нест ва Худованд низ инсонҳоро гуногун офаридааст. Яке хубу дигаре бад...

Мадина ба соати дар пештоқи утоқаш овезон буда нигарист. То дувоздаҳ шудан ҳанӯз ҳафт дақиқаи дигар боқӣ монда буд.

-Бало ба пасаш, ҳар чӣ бодо бод!-гуфта, дари хонаи хоби бибияшро тақ-тақ кард.

-Бибиҷон, даромадан мумкин?

-Биё духтарам, чароғро фурӯзон кун, канӣ бинам, чӣ мехоҳӣ.

-Бибиҷон, модари Саида ба ман занг зад,-Мадина аввали гапро гуфту давомашро фикр мекард.

-Чӣ мехостааст, модари Саида?-кампир ниҳоят ҷиддӣ буд. Дили Мадина сиёҳ шуд, ки бо чунин ваҷоҳати ҷиддӣ барои рафтан иҷозат гирифтан мушкил аст.

-Додараш бемор шудааст!

-Баъд?

-Модараш аз ман хоҳиш кард, ки то аз беморхона баргаштанашон рафта, дар назди Саида бошам ва ӯро танҳо нагузорам.

-Чӣ гуна ба ту бовар кунам? Аз куҷо медонам, ки аз хона баромада, рост ба хонаи Саида меравӣ? -боварии кампир намеомад, ки наберааш рост гуфта истодааст.

-Ба Худо ман рост мегӯям, бибиҷон. Агар хоҳед, ба Саида занг мезанам, бо худаш гап занед. Додарашро аллакай ба беморхона бурданд, ӯ худаш танҳо маро интизор аст.

-Не, лозим нест. Дар нисфи шаб нороҳат накарда, зудтар ба наздаш бирав, шояд тарсида бошад.

-Майлаш, бибиҷон. Дар асл ман шуморо танҳо гузошта рафтанӣ набудам, аммо модараш бисёр илтимос кард. Охир, Саида дугонаи наздики ман ку!

-Ҳеҷ гап не. Бо дар барам буданат ҳам омада, дар наздам хоб накунӣ, ту дар дигар утоқу ман дар дигараш. Будану набуданат бароям як аст. Акнун бирав, ӯро зиёд мунтазир накун.

Мадина бибиашро бӯсиду чароғро хомӯш кард ва дарро аз пасаш пӯшида, ба утоқи худаш баргашт. Телефонро гирифта, ба Аслам занг зад.

-Алло, Аслам!

-Чӣ мехоҳӣ?-садои ғафсу гӯшхарош баланд шуд аз он тараф.

-Ман бибиямро розӣ кардам. Ту дар куҷоӣ?

-Ман дар ҷои ҳарвақта, зудтар биё, ки бесаброна интизори диданат ҳастам, ҷонам!

-Камтар пас он ҷо мешавам, интизор шав!

Мадина телефонро хомӯш карду роҳи хонаи Асламро пеш гирифт. Ба Худо қасам хӯрду рӯирост кампири бечораро фиреб кард. Барои чӣ? Барои нафс, барои оғӯши марде, ба хотири шаҳват, ба хотири одате, ки тарки он амри маҳол аст.

Баробари аз дар даромаданаш Аслам ӯро ба оғӯшаш кашида, аз лабонаш бӯсид.

-Ту маро девона мекунӣ, азизам! Аз интизории зиёд қариб мемурдам.

-Ана омадам! Ман имшаб то саҳар дар ихтиёри ту!

Аслам Мадинаро озод ба рӯи дастонаш бардошта, дар рӯи кат хобонид ва либосҳояшро аз танаш бадар намуд. Лабашро бар лабонаш сахт монду аз ӯ коми дил ситонид. Мадина бо нолишҳои шаҳватангези худ бештару бештар Асламро ба худ моил мекард. Онҳо то фарорасии субҳ айшу ишрат ронданд. Ин маротибаи аввал набуд. Онҳо зуд-зуд вохӯрда, чунин айшронӣ мекарданд.

Мадина дар ҳаёти модаркалонаш Сорохон ягона шахси наздик ба ҳисоб мерафт. Аз духтараш Сурайё танҳо ҳамин Мадина нишона монда буд. Кампири Сорохон гоҳ-гоҳе ба фикр фурӯ рафта, духтари ҷавонмаргаш Сурайёро ёд мекард. Ҳарчанд Сурайё барои модар коре накарда, баръакс ӯро шарманда намуду дар байни дӯсту душман обрӯяшро резонида буд, боз ҳам модар ёди духтари бармаҳал вафоткардаашро мекард. Охир, модар модар асту фарзанд фарзанд. Ҳар ду ҳам бе ҳамдигар зиста наметавонанд. Модар ба хотири фарзанду фарзанд ба хотири волидайн дар ин дунё умр ба сар мебаранд. Вақте Сурайё вафот кард, Мадина дар назди Сорохон монду тарбияи ӯ бар дӯши кампир бор шуд. Мадина хурд буду нафақаи кампир ба ҳардуяшон басанда буд. Вале бо гузашти айём Мадина бузург шудан гирифту масрафи оила низ калонтар шуд. Акнун Мадинаро зарур буд, ки барои худ коре пайдо намояд, зеро модаркалонаш қуввату қудрати ӯро хӯрондану пӯшондан надошт. Охир кампири Сорохон синну солаш ба ҷое расидаву Мадина талабаи мактаб буд. Ӯро дар ин синну сол ва бе маълумоти олӣ дар ягон ҷо ба кор қабул намекарданд. Бибиву набера чора меҷӯстанд, вале ҳеҷ ба қароре омада наметавонистанд. Дар асл, нафақаи кампир дар ҳама замон ба ҳардуяшон кифоя буд, яъне ба хӯрду хӯрок ва масрафи зиндагӣ басанда буд. Аммо масрафи Мадина ҳеҷ кам намешуд. Ҳар рӯз куртаи наву як навъ ороишот. Ҳар рӯз як намуд атру як намуд пойафзол. Мактабро бо баҳои ду мехонду дар карру фар аз духтарони сарватманд камӣ надошт. Ҳеҷ пояшро чени кӯрпааш дароз кардан намехосту ба тақдир низ тан намедод. Ин корҳои Мадина ба асабҳои кампир нохун мезаданд, аммо бечора кампир чизе гуфта наметавонист. Гоҳ-гоҳе сахтгапӣ карда монад, қиёмат ба сараш қоим мешуд, вале кампир ҳам паст намеомад. Мудом саргузашти модарашро пеши назари духтараш ҷилвагар намуда, ёдовар мешуд, ки хатои такроркардаи модарашро ҳеҷ гоҳ такрор накунад. Ҳамин тавр, бибиву набера ҳайрон буданд, ки Мадинаро дар куҷо ба кор қабул кунонанд. Аслан, дар деҳа ҳеҷ коре ба назар намерасид, яъне ҳар кас кори худашро худ ба сомон мерасонад. Аз ин бармеояд, ки барои кор ба ягон идораи маркази ноҳия муроҷиат кардан лозим.

-Бибӣ, ҳамин тавр даст рӯйи даст мешинед? Хезед, ба маркази ноҳия рафта, барои ман ягон кори муносиб пайдо кунем!-ҳар рӯз ин гапро такрор карда, ҷони кампири Сорохонро ба лаб оварда буд Мадина.

-О, духтарам, дар ин синну сол туро ягон ҷо ба кор қабул намекунад. Ту ҳоло хонандаи мактаби миёна ҳастӣ. Илова бар ин, ҳоло маълумоти олӣ надорӣ, бо ин қадар норасоӣ ту дар куҷо кор кардан мехоҳӣ, ман ҳайрон?

-Э, дар ин дунё коре нест, ки ҳалли худро наёфта бошад. Ба ғайр аз марг илоҷи ҳамаи корро ёфтан мумкин аст,-забондарозии Мадина ғазаби кампирро меовард.

-Дар асл, кор барои ту чӣ лозим? Ҳоло вақти кор кардани ту фаро нарасидааст. Дар ин синну сол ту бояд дар хона бошӣ ва аз тамоми нозукиҳои кори оиладорӣ бохабар шавӣ. Бекор монда бошӣ, пас рафта, дарсатро бихон. Пагоҳ дар хонаи шавҳарат аз ту кор намепурсанд, он ҷо ба ҳунару маҳорати хонадории ту баҳо медиҳанд, дараҷаи донишу малакаи туро месанҷанд. Дониста бош, ки духтари нодону ифлос ва корношоям ба ягон оила лозим нест. Ҳамин нафақаи ман ба ҳардуямон бас аст. Поятро чени кӯрпаат дароз кун духтар ва эҳтиёт шав. Бори дигар такрор мекунам, ки эҳтиёт шав ва маро дар назди дӯсту душман сархаму шарманда накун,-бо шиддат набераашро насиҳат кард кампир ва умедвор буд, ки ин гапҳо ба Мадина таъсир мекунад, вале ҳайҳот...

-Ҳм, бо ин нафақаи шумо чӣ кор карда мешавад? Ба худатон ақаллан намерасад, боз шумо маро хӯрондаву пӯшонида метавонед? Аз таънаи шумо безор шудам. Мактабро партофта, худам кор мекунам ва чизи дилхоҳамро мехарам. Хондан ба кӣ даркор?

-Ман гапи мегуфтаамро гуфтам ва дигар ба ту коре надорам. Бирав, ба ҳар куҷое мехоҳӣ, бирав. Канӣ бинам, то куҷо меравӣ. Давидани гӯсола то коҳдон...

-Албатта меравам, чаро не?

Худи ҳамон рӯз Мадина гапи модаркалонашро зери по карда, ба маркази ноҳия рафт. Рафту сараш гаранг шуда монд. Дар асл бибияш рост мегуфт. Бо ин синну сол ва бе маълумоти олӣ ба кадом идора сар мехалонад ва аз кӣ ҷои кор мепурсад? Хеле фикр карду ногоҳ лабонаш ба табассум моил шуданд. Маълум буд, ки фикре ба сараш омадааст. Аз ҷояш хеста, рост ба ошхонае, ки дар рӯ ба рӯяш меистод, роҳ пеш гирифт. Аз дари ошхона даромада, мисли духтарони хушрафтор боадабона салом дод. Пешхизмат саломи ӯро алейк гирифта, чӣ хостанашро пурсон шуд.

-Ман ба раиси шумо кор дорам. Он кас аз омадани ман огоҳанд. Илтимос, маро ба наздашон баред,-Мадина бе ягон дудилагӣ ва тарсу ҳарос гапи дурӯғ гуфта, аз паси пешхизмат ҷониби утоқи раиси ошхона равон шуд. Пешхизмат дари утоқро нишон доду ба қафо гашт ва Мадина бошад, пас аз тақ-тақ кардани дар, онро кушода ҷавони хушқаду қоматеро дар рӯ ба рӯяш диду моту мабҳут шуда монд. Дигар худро ба даст гирифта наметавонист. Он ҷавон бо ҳусну ҷамол ва қаду қомати расояш ҳуши Мадинаро рабуда буд...

(Давом дорад)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД