Дар Ӯзбекистон як журналисти тоҷикзабонро барои паҳн кардани суруди овозхони маъруфи тоҷик Афзалшоҳи Шодӣ боздошт карданд.
Мақомоти Ӯзбекистон алайҳи Салим Иномзода, рӯзноманигор ва мутасаддии гурӯҳи "Тоҷикони Ӯзбекистон" дар “Фейсбук” бо иттиҳоми паҳн кардани "маводе, ки ба амнияти ҷамъиятӣ таҳдид мекунанд", парванда кушодаанд.
Салим Иномзода рӯзи 13-уми июл боздошт шудааст. Алайҳи Иномзода бар асоси моддаи 244, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон парванда боз кардаанд. Ин банди қонун истеҳсол ё паҳн кардани маводеро пешбинӣ мекунад, ки ба амнияти ҷамъиятӣ таҳдид мекунад. Ба рӯзноманигори тоҷики Ӯзбекистон аз панҷ то ҳашт соли зиндон таҳдид мекунад.
Салим Иномзода ба он айбдор карда мешавад, ки моҳи октябри соли 2022 суруди овозхони маъруфи тоҷик Афзалшоҳ Шодиевро дар бораи "Самарқанду Бухоро" паҳн кардааст. Дар ин бора “Озодӣ” хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, дар санад омадааст, ки суруд дорои "хусусияти динӣ ва ҷудоиандозӣ" (сепаратизм) мебошад.
Ин таронаи Афзалшоҳ Шодиев дар бораи "Самарқанду Бухоро" соли 2013 пахш шуда, овозхон онро замоне суруда буд, ки равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон сард буд ва миёни ду кишвар низоми раводид амал мекард.
Салим Иномзода 58 сол дошта, рӯзноманигор аст ва чанд муддат дар рӯзномаи "Овози Тоҷик" кор кардааст.
Боздошти Салим Иномзода тоҷикони фарҳангиеро, ки дар Самарқанду Бухоро ва Тошканд зиндагӣ мекунанд, нигарон кардааст.
Афзалшо Шодиев дар робита бо ин моҷаро гуфтааст, ки дар бораи Самарқанду Бухоро вай таронаҳои зиёде дорад, вале ин ҷо сухан дар бораи суруде меравад, ки оҳанги гиламандӣ барои бастани мактабҳои тоҷикӣ ва поин рафтани мавқеи забону фарҳанги тоҷикӣ байни тоҷикзабонони ду вилояти сераҳолии Ӯзбекистон дорад.