Arzon march 2024
Моҷарои қалин домодро кушт
10125

Ману дӯстдоштаам Мурод қариб 3-сол бо ҳам ишқу муҳаббат доштем. Ӯ бениҳоят ҷавони хушчақчақу хушгуфтор, инсони фурӯтану хоксор ва тақводору баимон буд. Ҳар гоҳе, ки бо вай вомехӯрдам, қиссаву ҳикояҳои панду ахлоқӣ мегуфту маро ба роҳи рост ҳидоят мекард. Байни ману вай дар ин муддат ягон кори ғайриахлоқӣ рӯй надодааст, Мурод нчунон бачаи худотарс буд, ки ҳатто як бор дасти маро надошт. Ҳар гоҳ бо ҳам во хӯрем, ошиқам аз як дастаи сумкачаам медошту ман аз тарафи дигари сумкача. Ҳамин тавр бо рафтори покаш ӯ маро ошиқи шайдои худ гардонд. Бо умеди бо никоҳи мусалмонӣ ва тӯю тамошо риштаи тақдирамонро пайвастан Муроди бо нияти нек ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, ба қадри тавонаш пул кор кард, чунки ягон шахси ғамхору мададгор надошт, ки дар андешаи обод кардани зиндагии ӯ бошад. Падараш ҳанӯз замони кӯдакии Мурод аз олам гузашта, ятим монда буд ва аробаи зиндагиро ба танҳоӣ мекашид.
Хулласи калм, баъди аз муҳоҷират баргаштан Мурд ба хонаи мо хостгор фиристод. Падару модарам хостгоронро хуб қабул карданд ва маро ба Мурод фотиҳа карданд. Рӯзи тӯй ҳам аниқ шуд, вале чашидани шаҳди бахт ба мо муяссар нагашт.
Азбаски ман дар як оилаи сарватман ба воя расидаам, падару модарам мехостанд тӯйи дабдабаноке барпо намоянд, аммо зӯри Мурди ман ба ин қадар хароҷот нарасид. Худатон як андеша кунед, охир дар ин солу замон ҳатто оростани тӯйи одӣ ҳам чӣ қадар душвор асту пули зиёд металабад, барои тӯйи бодабдаба бошад, даҳҳо ҳазор доллар харҷ кардан лозим меояд. Волидони ман сағера ва бе касу кӯй будани Муродро ба назар нагирифта, ду пяшонро ба як мӯза андохтанд, ки ҳам тӯйи дабдабанок орояду ҳам қалини бисёр диҳад. Хостгорон ҳарчанд мефаҳмонданд, ки домод чунин шароит надрад, каме инсоф кунед, волидонам "мо духтари чун гавҳараки чашм бо сад нозу ниёз парвардаамонро бо нархи арзон намедиҳем” гӯён, ҳеҷ аз аспи ҷаҳл нафаромаданд.
Мурод, ки ҳамаи ташвиши тӯй танҳо ба гардани худаш буд, ночор розӣ шуд, гарчанд пули дар ғарибӣ ҷамъ намудааш барои тӯй намерасид. Бачаи бечора маҷбур шуд, ки барои ҷамъ кардани қалин ва тӯйи дабдабанок оростан боз ба Русия мардикорӣ равад. Гиряву зрӣ кардам, ки наравед,ягон илоҷ карда, падару мдарамро розӣ мекунам, барои ман қалин не, бахт лозим аст, вале “мард як гап дорад” гуфта, Мурод рафт. Рафту бо ҳамин дигар барнагашт.
Рассо баъди як моҳи рафтанаш хабар расид, ки Мурод дар шаҳри Маскав мурдааст. Ин ҷавони ормонӣ барои он ки тезтар маблағи қалинро ҷамъ кунад, ҳам рӯзу ҳам шаб кор карда, оқибат ҷони ҷавони худро аз даст додааст. Аз пушти қалин ман як ҷавони худотарс ва боимонро, ки шояд як умр дар зиндагӣ пуштибони боэътимодам гашта метавонист, аз даст додам. Фикр мекунам, ки баъд аз ин ҳеҷ гоҳ хушбахт намешавам…
Мардум! Илтимос, аз баҳри чунин анъанаҳои тақдирсӯзи худ гузаред, охир духтар мол нест, ки қиматашро то рафт боло бардред!
Мубораки ба мурод норасида.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД