«Ду моҳи соли хониш гузашт, Ситора низ алифбохон шуд, бо китоб гап мезанад. Чаро ман не? Чаро ман аз навиштан ва хондан маҳрумам? Мо ҳамсояи мактаб-ку, наход ҳамсоя ҳамсояро дӯст надорад? Ман-ку дӯсташ медорам»,- ин андешаҳо Ҷамилаи 9-соларо дилшикастатар мекарданд. Хоҳараш Ситора, ки аз ӯ 2 сол хурд аст, ҳар субҳ бо падари омӯзгорашон ба мактаб мерафт. Ҷамила ашк дар бари рӯ аз даричаи ҳавлӣ ба мактаббачагон менигарист. Модараш-холаи Нисо гиряҳои худро бо гиряҳои Ҷамила мепайваст ва тасаллояш медод: «Ту дар 40 рӯзагӣ ба кӯдаки се моҳа монанд будӣ, дар 9 моҳагӣ роҳрав шуда, ҳамқаду ҳамвазни бародари 2 солаат будӣ»…
«Директори мактаб дар мактаб нест, аз Душанбе биёяд, худамро туро ба мактаб мебарам». Ин сухани модар ҳар субҳ садо медод ва дар дили ӯ муҳаббати зиндагӣ карданро меафзуд…
Падари Ҷамила Сафаров Тилав омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик буд, китобхонаи шахсӣ низ дошт ва аз ин ҷост, ки чун дигар бародаронаш шавқи китобхонӣ дар дили пуралами Ҷамила низ ҷӯш мезад. Шабе дар оғӯшаш ҷузвдони хоҳараш набошад, хобаш намебурд. Аз матоъпораҳое бо ҳавас барои худ ва хоҳараш ҷузвдон дӯхт, аммо…
Ҷамила ҳарфҳову ҳиҷоҳои гузаштаи хоҳарашро аз дафтари ӯ барои худ навишта мегирифт. Ситораи 7- сола муаллимаи худ шуд…
Пас аз ду соли ҳарфхонии Ҷамила бо хоҳиши падараш муаллимони мактаб ӯро имтиҳон гирифтанд. Навиштан ва хондани аълояш боис шуд, ки сазовори номи толибагӣ гардад.
Директори мактаб муаллимони фанҳои дақиқро вобаста намуд, ки ӯро дар хона таълим диҳанд, вале ғайр аз муаллимаи забони русӣ Наташа Петровна дигар касе наомад ва на чизе омӯхташ. Бурди ӯ аз мактаб танҳо номаи камол шуд…
Лаҳзаи бори аввал дидани дидори ӯ дар видеои навори хотирам кандакорист. Чашмони худро дуруғгӯ пиндоштам, боварам намеомад, ҳамоне, ки садояш касро аз гиристан боз медорад, ҳамоне, ки ғазалҳои Бедилро ба ман таҳлил мекунад, ҳамоне ки қисмати зиёди ашъори Гулрухсорро аз худ намудааст, омадани маро зери борони тирамоҳӣ дар аробачаи маъюбиаш канори роҳ мепояд. Чунин ҳолати ғайриинтизор ин сафарро бароям риққатовар намуд, вале худро каме ба даст гирифтаму гуфтам:
-Салом, хонум Ҷамила!
-Дӯстон хуш омаданд, ба хонаи пур аз муҳаббати мо!
Аз ин алейки шоиронаи ӯ хушам омад. Зери борон роҳ гирифтем ба сӯи хонааш. Вориди ҳуҷрае шудам, зеби деворҳои хона расмҳои шоирони классик, дар паҳлӯи ҷевони калони китобҳо мошинаи либосдӯзӣ меистод…
Ҳангоми суҳбат Ҷамила тез-тез ба берун мебаромад, ҳисси беаҳамиятӣ мағлуб шуду сабаби бетоқатиашро пурсон шудам. Падараш: «Ҷамила хело дилтанг аст» гуфтанд, худаш чизе нагуфт ва бо ханда боз аробачаи маъюбиашро ба берун ронд. Баъди чанде ҳамроҳи ӯ гулчашми нозкокуле дар даст табақ бо одобу саломи меҳмондорӣ вориди хона шуд. Ба забонам танҳо ибораи «Ҷонона ин ҷо будасту…» омаду халос…
Ману падари Ҷамила бо ҳавас хӯроки пешинро тановул кардем, агар гӯям, ки оши бомазза буд, дурӯғ гуфтам ва агар сад бомазза гӯям, кам аст.
Бо хоҳиши Ҷамила бо ӯ хело зиёд байтбарак кардем, касе ғолиб наомад ва ҳамон пурнозе, ки ҳуснаш сабаби ҷанги бачаҳои деҳаи Нонҷемаси ноҳияи Восеъ аст, баҳси шоиронаи моро хотима бахшид.
Ӯ гуфт:
-Шумо ҳарду ғолибед, дониши ҳамвазн доред!
Кӣ будани ӯро намепурсидам, шояд дилам аз тангӣ таркам мегуфт. Аз посухи ӯ ҳайрон мондам, ки чӣ гуна шогирдаш бошад. Андешидам, ки мошинаи либосдӯзӣ беҳуда ин ҷо нест.
Ба Ҷамила назар мекардаму аробачаи маъюбиаш диламро реш мекард. Бонуе, ки ба ҳуснаш камбудӣ бегона аст, даҳ панҷааш ҳунар, лаҳнаш хеле шево ва гӯшнавози бетакрор, наход лоиқи аробачаи маъюбӣ бошад?
Аз сабаби эм нагузаронидан Ҷамила дар хурдсолӣ пойҳояшро аз даст дод, гарчанде бишкастани шохи тар убол аст…
«Солҳои хурдсолӣ ин дилшикастагиро он қадар ҳис намекардам, бо кӯмаки дастҳоям бо тарзи худ роҳ мерафтам, бо ҳамсолон ва ҳамсояҳо дар шодию хурсандӣ будем. Нисфирӯзии зимистони соли 1985 буд, барф беист меборид. Ман дар кӯча аз мактаб омадани падарамро мепоидам, талабагон меомаданд. Маро дидан замон масхара карданд. Аз алам он қадар гиристам, ки аз ҳуш рафтам. Он вақт ҳамагӣ 10-сола будам ва бо ин алам одамгурез шудам. То 16-солагӣ боре ҳам аз ҳавлӣ набаромадаам. Китобро беҳтарин ҳамсуҳбату ҳамгиряи худ медонам. Аз хурдӣ ба ҳамаи ҳунар меҳр баста, кӯшиш менамудам, то нозукиҳои ҳар яки онро аз худ намоям. Аз куртаҳои барои апаҳоям дӯхтаҳои чеварон дар коғазҳо нақш мекашидам ва барои худу модари биҳиштиям, ки моро танҳо гузошт, курта медӯхтам»,- мегӯяд Ҷамила…
Гарчанде пойҳояш ба ӯ вафо накарданд, дунёву ҳунари ӯ дасту пои тиллоӣ доранд. Деҳае, ки ӯ зиндагӣ дорад, нафаре нест, ки дар ҷашни арӯсиаш хизмати Ҷамила нарасида бошад ва ҳатто деҳаҳои гирду атроф низ. Шумораи зиёди духтарони Восеъро ҳунари чакандӯзиву либосдӯзӣ омӯхтааст, зеро собиқаи 17-солаи дӯзандагӣ дорад. Имрӯзҳо Ҷамила 6-нозанинро ҳунар меомӯзад…
Сарнавишт ҳарфҳои аҷибе дорад. Сарнавишти ӯ бо вуҷуди хатонавишта буданаш дилгираш нест. Ӯ ошиқ, ошиқ ба зиндагӣ, ошиқ ба фарҳанги инсонҳои соҳибдил аст.
Гулҳои дар саҳни ҳавлии муаллим Сафаров Тилав парваридаи Ҷамила чашми касро ҳаловат мебахшанд. Гулҳо гӯё танҳо номи ӯро медонанд, садои омадани аробачаи маъюбиашро интизорӣ мекашанд. Ба гулҳо назар медузӣ, гулҳо маҳзунанд. Ҷамила ҳамнафаси гулҳост. Гулҳоро мегирёнаду механдонад.
Гулҳо гӯё мегӯянд: Гулҳо намемиранд, гулҳо намемиранд!
Ширинёд