Давомнокии умри мижгон 150-200 рӯз аст, баъдан ба ҷои мижгони афтида наваш мебарояд. Агар пӯсти атрофи чашм зуд-зуд сурх шавад, ин боиси халалёбии сабзиши мижгонҳо мегардад: мижгонҳо тунуку зудшикан шуда мерезанд. Пайдоиши гавмиҷа ё бемории пӯст низ боиси рехтани мижгонҳо мешаванд.
Ба диққати бонувону духтароне, ки аз туш истифода мебаранд, расонидан мехоҳем: молидани туши бесифат боиси беҷону зудшикан гардидани мижгон мегардад. Истифодаи аз ҳад зиёди тушҳои босифат низ зарарнок аст.
Мижгони сунъӣ мехоҳед?
Имрӯзҳо қисми зиёди бонувон аз мижгонҳои сунъӣ истифода мебаранд. Мижгонҳои сунъие ҳастанд, ки баъди часпонидан як моҳу ду моҳ намеафтанд, вале боз мижгонҳои сунъии яккаратаро низ истифода бурдан мумкин аст. Аксари бонувон ба мо савол медиҳанд, ки оё муддати мадид истифода бурдани мижгони сунъӣ зарар надорад? Албатта зарар дорад, чунки малҳамҳои қавикунандаву дар ин амалиёт истифодабаранда боиси маҳкам шудани роҳҳои нафаскашии пӯсти пилки чашмон мегардад. Мижгонҳои сунъӣ чанд намуд мешаванд. Ҳамонеро истифода баред, ки аз мӯйи табиӣ сохта шуда бошад. Ин намуди мижгонро тоза карда, чандин маротиба истифода бурдан мумкин аст.
Химияи мижгон
Ба ғайр аз амалиётҳои декоративии ғафсу дарозкунандаи мижгонҳо, имрӯз дар кошонаҳои ҳусн мижгонҳоро низ «химия» мекунанд, ки таъсираш қариб 3 моҳ аст. Малҳамҳои махсуси бехатаре вуҷуд доранд, ки бо кӯмаки он ба чашм зарари камтар расонида, мижгонҳоро дарозтару фаххак кардан мумкин аст.
Воситаҳои нигоҳубини мижгонҳо
Мижгонҳо низ мисли рӯю мӯй нигоҳубину ғамхорӣ мехоҳанд. 4 грамм равғани беданҷир (касторовое масло) ва 10г вазелинро омехта карда, ҳамарӯза ба мижгон молед, мижгонҳоятон серамал мешаванд.
Агар дар кунҷи чашмонатон тарашшӯҳ, карахш, пулакча, пайдо шавад, дарҳол ба духтури чашм муроҷиат намоед.
Нигоҳубини абрӯвон
10г равғани офтобпараст, шафтолу ё зағир, 5 г равғани беданҷирро омехта намуда, баъди ранг кардан ба абрӯвонатон молед. Агар ба назаратон чунин намояд, ки абрӯвонатон рехтаанд, равғани бодомро истифода баред. Каме равғанро гарм карда докаеро дар он тар кунеду болои абрӯвонатон гузошта 10-15 дақиқа нигоҳ доред. Равғани бодом сабзиши абрӯвонро метезонад.
Нигоҳубини абрӯвон амалиёти хеле оддист. Ҳар шаб равғанҳои ғизобахшро ба абрӯ молида, онро ғафс кунонидан мумкин аст.
Барои он ки абрӯвон зебо бошанд, аввалу охири онро муайян кунонед. Абрӯ бояд аз кунҷаки дохилии чашм сар шавад. Чуткачаи хурдеро дар равғани беданҷир ё зайтун (касторовое или оливковое) тар карда, бо он абрӯвонатонро шона кунед. Қабл аз кӯчабароӣ абрӯ начинед, чунки хатари сурхшавии пӯст вуҷуд дорад. Беҳтараш ин амалро қабл аз хоб ба анҷом расонед.
Ба чеҳраи дарозрӯя абрӯвони рост мезебанду ба рӯи секунҷа абрӯвони доирашакл. Ба чеҳраи тухмшакл абрӯвони камоншакл, ба рӯи чоркунҷа абрӯвони дарозу баланд мезебанд.