Arzon march 2024
Мино шавҳар мекунад ё ба хориҷа меравад?
934

Салом ба кулли кормандон ва алоқамандони сомонаи "Оила".

Ман як мухлиси сарояндаи ширинсадо Мино Баҳриллоева ҳастам. Ҳамаи сурудҳои ин бонуи хушхиромро бо шавқу завқи зиёд гӯш мекунам. Чанд рӯз қабл овозае ба гӯшам расид, ки гӯё Мино ниҳоят бахти худро ёфта, ба шавҳар мебаромадааст. Мехоҳам донам, ки ин овоза то куҷо асос дорад?

Усмоншоҳ аз Панҷакент

Посух:

Бародари азиз! Ростӣ, мо ҳам аз шунидани ин хабар хеле хурсанд шуда, ба суроғи Мино афтодем, то ки ин бонуи зеборо муборакбод намоем, вале Мино дар ҷавоб гуфт:

- Мардум маро бе огоҳии худам ба шавҳар дода истодаанд? (механдад). Қариб ҳар рӯз худам ҳам овозае мешунавам, ки Мино тӯй шудааст. Аммо, ин овозаҳо ягон асос надоранд. Айни замон ман на дар фикри арӯсӣ, балки дар андешаи эҷоди суруду таронаҳои навам. Мехоҳам оҳангҳои наву замонавӣ офарида, натанҳо дар Тоҷикистони худамон, балки дар хориҷи кишвар низ консертҳои худро барпо намоям.

Ӯ аз консерти охиринаш ёдовар шуд, ки дар Рӯзи ошиқон - 14-уми феврали имсол дар Кохи Суруш доир шуда буд ва Мино бо садои зинда овозхонӣ кард.

Ба баёни ҳунарманд, нақша дорад теъдоди чунин консертҳоро бештар кунад ва танҳо дар фикри эҷод асту санъат.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Икромчон 2023-11-06, 11:06
Мино бехтарин сароянда аст ман мухлиси у мебошам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Икромчон 2023-11-06, 11:06
Мино бехтарин сароянда аст ман мухлиси у мебошам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД