Овозхони ҷавону шинохтаи кишвар Мино як рӯз пеш видеоклипи навашро бо номи “Каме камак” дар ютуб-канали худ нашр кард.
Ин видеоклипро давоми як шабонарӯз беш аз 80 ҳазор бор тамошо карда, беш аз 70 кас шарҳ навиштаанд.
Ин клип дар варзишгоҳи UFC Дубай наворбардорӣ шудааст ва аз ошноии Мино бо як писари варзишгар қисса мекунад, ки бо як нигоҳ ошиқаш мешавад. Вале, варзишгар чанд бор сарояндаро ҳамроҳи дӯсташ (Рафаэл Гулов) мебинад ва фикр мекунад, ки ӯ дӯстписараш аст, бинобар ин, нороҳат мешавад. Аммо, Мино инро дарк карда, ӯро бо дӯсташ ошно мекунад, ки аз ин варзишгар хушҳол шуда, бо сароянда робита оғоз мекунад.
Нақши дӯстписари Миноро дар ин клип ҳунарманд Мункеш иҷро кардааст. Рафаэл Гулов, продюссери сароянда, симои дӯсти ҳунармандро офарида, ҳунарпешаи ҷавон Ясмина Алидодова нақши маҳбубаи Рафаэлро иҷро кардааст.
Мусиқии ин таронаро Шавкат Умаров офаридааст.