Formula novemver 2024
МИННАТИ ПАДАР ДАР ҶОНАМ ЗАД
08.12.2020
ОИЛА
3224

Насим дар оилаи калон ба воя расида мактаби миёнаро дар деҳа ба итмом мерасонад. Орзую ҳавасҳои ҷавонӣ ва таҳсил дар донишгоҳи омузгорӣ ӯро ба пойтахт меовард. Баъди ба пойтахт омадан ба мушкилоти иқтисодӣ дучор омада ба хулосае меояд, ки замон замони хондан набудааст таҳсил дар чунин вазъ имкон надорад. Бо сари хаму орзуҳои дар дил монда роҳ сӯи зодгоҳ мегирад.

Ба хона омада ба волидайн мегуяд, яъне ҳоло вазъи иқтисодӣ вазнин шудааст, чанд сол дар замини иҷоравӣ кор карда пул ёфтан зарур таҳсилро баъд давом додан мумкин мешавад. Волидайн аз қарори фарзанди худ шод шуданд, чунки дар чунин вазъият аз ҷиҳати иқти- соди ба фарзандашон ёрӣ расонда наметавонистанду аз ҷиҳати дигар фарзандашон дар барашон буд ва онҳо орому осуда буданд.

Кор дар замин шароити иқтисодии онҳоро беҳнакарда бошад ҳамнони беминнати худро ёфта мехӯранд. Соли оянда волидайн "дар қарзи пулӣ" монем ҳам бачаамонро хонадор мекунем гӯён камари ҳиммат бастанд… Ба қавле "як бало" карда тӯи хоксоронае барпо намуда хонаи фарзанди худро обод намуданд. Аз байн муддате гузашт, Насимро фикри қарзҳои падараш азоб медод ва кӯшиш мекард, ки қарзҳоро бо меҳнати ҳалол худаш баргардонад.
Бо чунин фикрухаёл тарки ёру диёр намуда ҳамроҳи чанд ҳамдеҳааш озими Русия шуд. Дар ғарибӣ азобу укубатҳои зиёде кашида бошадҳам, маблағе пасандоз намуда ба зодгоҳ баргашт. Маблаги овардааш танҳо барои қарзҳояшро баргардондан расиду халос. Зимистони ҳамонсола вазъи иқтисодии оила ниҳоят вазнин шуд, онҳо "нимсеру нимурён бо азобҳои зиёде ба баҳор расиданд. Гапи падараш "танҳо замин одамро мехӯронаду мепӯшонад" ӯро водор намуд, ки ба замин ва кори дехқонӣ ҷиддан машғул шавад ва гӯё ҳақиқати ҳамин гуфтаи падар буд, ки чанд соли охир зиндагиашон орому осуда ва хоксорона мегузашт. Насим писардор шуд. Қадамҳои нахустини кӯдак ва сухангӯиҳои кӯдакона хушии зану шавҳар ва бобою бибиро дучанд мекард.

Вале як саҳар якҷоя гирди дастурхон нишаста чой менӯшидем, наклашо давом дод Насим. Шакар тамом шудаасту ман барои харидан пул надоштам. Кӯдак шакар гӯён ҳамаро безобита намуд. У бо як овоз мегиристу шакар мегуфт. Гиряи кӯдак ба дилаш сахт расиду падарам бори аввал бо гапҳои сахт айши моро талх кард ва гӯё ба хотири насиҳат ё чӣ хел калон шудани моро ба ёдамон расонд. У таънаомез нақл кард, ки оилаи калони моро пурра мехӯронду мепӯшонду ба мо ҳаргуна бозичаҳо ҳам харида меовард. Дар хонаи мо ҳамеша гӯшт, қанд, равған, асал ва дигар хел хӯрокиву нӯшокӣ буду мо фарзандон ба қавли падар кайф карда" мехӯрдему мегаштем, на парвои кор доштему на ғами дигар. Ба умед ҷон коҳондам, фарзанд ҳам дами пирӣ нигоҳубин намояд, лекин имрӯз танҳо як пора нон мебинаму як пиёла чои хунук. Аз қанду қандалот, гӯшту асал ҳоҷати гап нест. Шумо чӣ хел писаред, фаҳмидед, ки чӣ хел шудаед, агар хоҳед, ки падар аз шумо розӣ бошаду бо сари баланд гӯед, ки қарзи фарзандиро иҷро намудам, бо ҳар роҳе, ки бошад, хонаро мисли солҳои гузашта бояд аз нозу неъмат таъмин гардонед.

Ҳарчанд, ки ба падарам фаҳмондам, ки он солҳо дигар буд, ҷои кору маош баланд серию пурӣ ва арзонӣ буд, лекин падар ба гапи худ истода айбро бар гардани мо бор мекунад,
Ана як сол аст, ки зиндагии ноором дорам, - гуфт дар охир Насим. Ҳар бор ки азсаҳро ба хона биёем, падарам наберачаашро ҷег зада "дадат гушт овард, дадат асал овард, дадат Русия меравад барои ту тӯб меорад"-гӯён маро барои "беҳунариам" таъна мезанад…

Ба фикри худам зиндагии оилаи мо он қадар ҳам баднест, шукр ки хӯрданию пӯшиданӣ дорем. Ҳаррӯз набошад ҳам ҳафтае як-ду бор хӯроки гуштдор ҳаст. Охир, оилаҳое ҳам ҳастанд, ки ба як пора нони гандумӣ зоранд. Ман ҳам мехоҳам, ки барои падару модарам нӯшу неъмати дунёро муҳайё созам, аммо дар ин шароити қиматию бекорӣ шукри будагиашро карда эҳтиромашонро медорам, лекин падарам бо рафтори худмаро рӯҳафтода менамоянд. Баъзан вақт пеши худ мақсад мегузорам, ки ба ягон кори бади пулдор даст зада роҳ падарамро розӣ намоям. Лекин андешаи он ки пулу моли ҳарому дуздӣ наҳсию касофатӣ дорад, маро аз ин роҳ медорад.

Ҳоло бошад, аз суханони падар ба ҷон расида ба хулосае омадам, ки ба пойтахт рафта чанд муддат мардикорӣ кунаму боз бо Русия равам. То омадани ман зиндагонии онҳо чӣ хел мегузашта бошад, намедонам, таваккалашон ба худо… Бародар ба ман рӯ оварда, - гуфт Насим чаро падар барои ба воя расонидани фарзандон миннат мекунад?
Шояд ӯ инро як тарбия мешуморад? Суханони падарам "бо ҳар роҳе набошад" чӣ маънӣ доранд? Падари ту низ бо фарзандон чунин муносибат мекунад? Рости гап дар ҷавоби саволҳои Насим оҷизӣ кашида ҳайрон мондам. Танҳо ба саволи охиринаш ки падари туниз бо фарзандон чунин муносибат мекунад, гуфтам, ки падари ман ин хел нест.

Гумон мекунам, ки ба саволҳои Насим хонандагони сершумори "Оила" падарону ҷавонон ҷавоб хоҳанд гуфт. Боварӣ дорам, ки Насим ҷавоби саволҳои худро дар рӯзномаи "Оила" хонда ба хулосае меояд.

Бахтиёр НУРОВ,
ноҳияи Файзобод

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД