"Минатдории худро ба деҳқонону заҳматкашон баён менамоям, зеро онҳо мардумро бо нону маҳсулоти ғизоӣ таъмин намуданд."
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ин нуқтаро дар ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум ба Маҷлиси Олӣ бо Паём ироа намуданд.
Дар «Кохи Сомон» бо иштироки аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, Сарвазир ва муовинони ӯ, аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва сохторҳои дигари ҳифзи ҳуқуқ, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, раисони вилоятҳо, намояндагони якчанд иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корпуси дипломатӣ, воситаҳои ахбори омма ва дигарон чорабинӣ гузашта истодааст.
Тавре Агентии хабаргузории давлатии АМИТ "Ховар" хабар дода буд, “интизор меравад, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро муайян намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоранд.
Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ тавассути шабакаҳои телевизион ва радиои давлатии Тоҷикистон мустақиман пахш мегардад..
Ёдовар мешавем, ки Паёми қаблии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 ироа гардида буд.