Arzon admin
Меваи аҷибе, ки бемории Алсгеймерро пешгирӣ менамояд
714

Салом! Ман омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ҳастам. Кор кардан бо кӯдакон, махсусан бо бачаҳое, ки нав қадам ба остонаи мактаб ниҳодаанд, хеле душвор аст. Ман қариб 30 сол боз омӯзгорам ва вақте ки ин ё он шогирдам дар аз худ намудани дарсҳо душворӣ мекашад, хеле ғамгин мешавам. Дарсҳо сар шуданд ва табиист, ки асабонияти ман низ зиёд мешавад. Як дӯстам маслиҳат дод, ки бештар хурмои арабӣ хӯрам. Мегӯяд, ки хурмои арабӣ бисёр фоиданок буда, асабро ором месозад. Ин гап ягон асос дорад?

ҶАМИЛА, омӯзгор

Посух:

- Дар ҳақиқат хурмои арабӣ дар баробари лазиз буданаш манфиатҳои бисёре дорад. Он дорои магнии зиёд буда, асабро ором ва изтиробро кам месозад. Хурмои арабӣ аз антиоксидантҳои фаъол ғанӣ мебошад ва дар мубориза бо бемориҳои гуногуни илтиҳобӣ ба ҷисми инсон ёрӣ мерасонад.

Мунтазам истеъмол намудани хурмои арабӣ хотираро мустаҳкам месозад ва сатҳи бета-амилоидро, ки сабабгори бемории Алсгеймер мегардад, паст мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД