toyota motors
Меҳрнигори Рустам пас аз 10 сол ба саҳнаи чорабинии давлатӣ баргашт
71

21-уми март дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Пешвои миллат баргузор шуд. Мухлисони сарояндаи маъруфи тоҷик Меҳрнигори Рустамро бошад, он шод кард, ки дар ин чорабинии сатҳи баланд ин сарояндаи маҳбуб иштирок кард. Ногуфта намонад, ки пас аз 10 сол бори нахуст Меҳрнигор дар чунин як чорабинии сатҳи баланд иштирок мекунад.

Сипос ба Вазири фарҳанг

Рӯзноманигор Меҳрубон Зокирӣ, ки борҳо бо Меҳрнигори Рустам ҳамсуҳбат шудааст, дар ин хусус навишт: “Касе эҷодкор аст ин дардро хубтар мефаҳмад. Меҳрнигори Рустам қариб 10 сол дар саҳнаи чорабиниҳои давлатӣ набуд. "Ӯро чаро даъват намекарданд?", ба ин савол худи ӯ ҳам ҷавоб ёфта наметавонист.

Меҳрнигор сарояндае буд, ки аз хурдӣ дар саҳнаҳои чорабиниҳои давлатӣ калон шуд, худи Пешвои миллат низ ба санъату ҳунари ӯ таваҷҷуҳи хос доштанд, вале чанд соли охир ӯ дар барномаҳои фарҳангии давлатӣ дида намешуд ва ё ҳеҷ кас ӯро даъват намекард. Ин тарзи муносибат Меҳрнигори соҳибистеъдодро, ки саҳнаҳои калони ҷашнҳои давлатӣ ӯро ба мардум шинос карда буд, хеле сахт руҳафтода мекард.

Чандин бор дар мусоҳибаҳояш бо ашкҳои талх ёдоварӣ аз он давраҳо карда буд ва умед дошт, ки рӯзе ӯро даъват мекунанд.

Айни ҳол ҳамон нафар - сабабгори асосии баъди чандинсолаҳо ба рӯи саҳнаи чорабинии давлатӣ омадани Меҳрнигори Рустам барои мо номаълум аст, вале мо пеш аз ҳама сипоси беохири худро ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазирбонуи азизамон Матлубахон Амонзода мерасонем, ки як санъаткори асили моро, ки танҳо ва танҳо ҳадафу мақсадаш муаррифии санъати тоҷик дар сар то сари ҷаҳон аст, ҳамаҷониба дастгирӣ карданд ва дубора ин ситораи тобонро ба саҳнаи бошукуҳи давлатӣ баргардониданд.

Шахсан дар сари ман як савол доиман давр мезад: "Чаро мо аз як тараф миллионҳо маблағ сарф карда, ҳамасола озмунҳо ташкил карда истеъдод ҷуста истодаему аз тарафи дигар ба қадри истеъдод нарасида истодаем?".

Шояд ҷое худи санъаткорҳои машҳурамон низ айбдор бошанд, вале сад фоиз гуфта метавонам, ки вуҷуди санъаткорони асиламон, ҳаёташон, қисмату тақдирашон, нафасашон танҳо ҳамин санъат асту ба ғайр аз муаррифии санъату фарҳанги миллаташон дигар мақсаде надоранд. Фақат таваҷҷуҳ, дастгирӣ, меҳрубонӣ ва эҳтиром лозим аст.

Ситораи пурҷило

Ёдовар мешавем, ки Меҳрнигори Рустам аз ҷумлаи сарояндагони ҷавон ва шинохтаи мусиқии муосири тоҷик ба шумор меравад, ки бо овози нарм, иҷрои эҳсосӣ ва сабки хоси худ миёни мухлисон маҳбубият пайдо кардааст. Ӯ асосан сурудҳои лирикӣ ва ошиқона иҷро намуда, дар онҳо эҳсосоти самимӣ ва ҷаҳони ботинии инсонро ба таври зебо инъикос мекунад.

Фаъолияти эҷодии Меҳрнигор аз солҳои наврасӣ оғоз гардида, бо гузашти вақт ӯ тавонистааст ҷойгоҳи худро дар саҳнаи мусиқии тоҷик мустаҳкам намояд. Сурудҳои ӯ бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои рақамӣ паҳн гардида, махсусан миёни ҷавонон шуҳрати зиёд касб кардаанд.

Сабки эҷодии сароянда омезиши мусиқии попи муосир бо унсурҳои анъанавии тоҷикӣ буда, маҳз ҳамин хусусият ба сурудҳои ӯ рангу бӯи миллӣ мебахшад. Меҳрнигори Рустам имрӯз ҳамчун намояндаи насли нави ҳунармандони тоҷик дар рушди мусиқии муосири кишвар саҳми назаррас мегузорад.

БАХТОВАР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД