Меҳрнигори Рустам, овозхони 26-солаи тоҷик дар рӯзи мавлуди бобояш аз ҳунару қаҳрамониҳои ӯ ёдовар шуд. Рустам Абдураҳим (1938-1992), бобои овозхон ҳанӯз дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ кушта шуда буд. “Ман бобои Рустамамро надидаам, аммо аз қаҳрамониҳои ӯ, аз васфи хислатҳои наҷибаш шунида, ӯро дар тасаввуроти хаёлиам зинда эҳсос мекунам. Хона-мӯзейи бобоям дар шаҳри Кӯлоб аз зиндагиномаи ӯ нақл мекунад.
Раҳматии бибиҷонам мегуфтанд, ки насаби ман, яъне Рустам ба хотири номи бобои қаҳрамонам гузошта шудааст ва яке аз сабабҳои ба саҳнаи калон ворид шуданам низ ҳамин аст. Як расми бобоям бо дутораш дар қолинчаи девори хонаи бибиҷонам овезон буд ва ёд дорам, ки панҷаҳои кӯдаконаамро болои он расм гузошта, гӯё бо он расм гап мезадам ва думбра менавохтам. Ҳамин тавр, ман ба дутор меҳр бастам ва навохтани онро ёд гирифтам. Рӯҳи бобои азизам шоду ҷояш ҷаннат бошад”,-навиштааст Меҳрнигор дар саҳифаи Инстаграмаш. Агар умр вафо мекард, Рустами Абдураҳим, навозандаи маъруф ва Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон (2014, баъди маргаш) санаи 5-уми майи соли равон 83-сола мешуд. Ӯ 29 сол қабл, соли 1992 дар синни 54-солагӣ дар роҳи ҳимояи Ватан ҳалок шуда буд.