Arzon march 2024
“Меҳргиёҳ”-и сеҳрнок дар Театри Лоҳутӣ
84

Дирӯз дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ нахустнамоиши намоишномаи сеҳрноки “Меҳргиёҳ” баргузор гашт.

Намоишнома аз рӯйи асари ҳунарпеша, коргардон, драматург ва Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхонов таҳия шуда, дар бораи ҳаёти ду шоҳзода - Нуралӣ ва Шералӣ нақл мекунад, ки ба муқобили қувваҳои аҳриманӣ мубориза бурда, ранҷу азобҳои зиёде мекашанд.

Билохира, некӣ бар бадӣ ғалаба карда, бародарон қувваҳои сиёҳро мағлуб месозанд ва бо кумаки гиёҳи сеҳрноке, ки меҳргиёҳ ном дорад, чашмони оҷизгаштаи падарашонро биноӣ мебахшанд.

Ҳадаф аз таҳияи ин намоишнома тарғиби меҳру муҳаббат ва ғалабаи некӣ бар бадӣ мебошад.

Рӯзи 3-юми июн дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ ҷашни 90-солагии муаллифи асар Тӯрахон Аҳмадхонов баргузор гашта, мухлисону ҳаводорони театр метавонанд аз тамошои ин намоишномаи аҷиб лаззат баранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД