Arzon march 2024
Меҳмонҳои хира ҷонамро ба лабам расондаанд, вале...
01.05.2025
Оила
1097

Меҳмонҳои хира ҷонамро

ба лабам расондаанд, вале...

Салом! Ман як ҷавонзани аз дасти меҳмонҳои зиёд ҷонаш ба лаб расидаи тоҷик ҳастам ва мехоҳам мушкиламро нақл карда, аз хонандагон маслиҳат бипурсам.

Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта оиладор шуда будем ва ду фарзанд дорем. Айни замон ман фарзанди сеюмамро интизорам. Азбаски мо бо пули ипотека аз шаҳри Душанбе хона харидем ва қарзро зудтар додан лозим аст, мардакам чанд моҳ пеш маро бо ду кӯдак танҳо гузошта ба Русия коркунӣ рафт. Аҳволи муҳоҷирон ба ҳама маълум, мардакам гоҳ кор меёбад, гоҳ намеёбад, бар замми ин, ҳар моҳ маблағи ипотекаро бояд диҳад ва имконияти пули калон равон кардан надорад. Зиндагиамро бо ду кӯдак базӯр пеш мебарам, вале хешу табори шавҳарам ҷонамро ба лабам расонда, тез-тез аз деҳа ба шаҳр, хонаи мо меҳмонӣ меоянд. Пойҳоям варам кардаанд, тамоман қуввату мадор надорам, аммо меҳмонҳои хира ҳар дафъаи омаданашон чанд рӯз дар хонаи мо мемонанд. Пештар хешовандони шавҳарамро бо ҷону дил меҳмондорӣ мекардам, вале ҳоло бар асари ҳомиладорӣ вазни худамро базӯр мебардораму хизмат кардан ба меҳмонҳо бароям душворӣ мекунад. Базӯр хӯрок мепазаму ҷойгаҳи хобашонро партофта меғундорам. Онҳо чунон холабеғам ҳастанд, ки ҳатто либосҳояшонро дарди сари мани ҳомиладор мекунанд. Як бор андеша намекунанд, ки ҳамин занак дуҷон аст, азоб мекашад, гӯё ман ғуломи ҳалқабаргӯшашон бошам: «янга, ҳамин шиму куртаҳои маро шӯед» гӯён, як ғарам либосро пешам партофта, дар назди телевизор пояшонро дароз мекунанд. Бовар кунед, вақти либосшӯйӣ баъзан аз зӯрии дард гиря мекунам, вале хешу табори шавҳарам гӯё шиками дамидаи маро намедида бошанд, пайи ҳам меоянду мераванд, гӯё хонаи мо меҳмонхона бошад. Чанд маротиба ба шавҳарам занг зада, вазъиятро фаҳмондам, ваъда дод, ки ба модараш занг мезанад ва хоҳиш мекунад, ягон ҷиянашро барои кӯмак расонидан ба ман фиристад, вале то ба имрӯз аз ёрдамчӣ дарак нест. Аламам меояд, хешу табори шавҳарам дар тайёр хӯрдан ҳамто надоранд, вале вақте ёрӣ мепурсӣ, дами ҳамаашон ба дарун мезанад. Дигар тобу тоқати чунин зиндагиро надорам. Илтимос, маслиҳат диҳед, чи кор кунам?

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД