arzon replenishment
MegaFon Football Day ва дастгирии дастаи мунтахаби миллӣ: «МегаФон Тоҷикистон» ва ФФТ якҷоя футболро рушд медиҳанд
24.07.2024
PROMO
663

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати «МегаФон Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро барои солҳои 2024-2025 имзо карданд. Дар ҳуҷҷат имзои дабири кулли ФФТ Фурқат Аҳмадҷонов ва директори раёсати минтақавии «МегаФон Тоҷикистон» дар ш. Душанбе ва НТМ Далер Наимов гузошта шуд.

Ҷонибҳо нақша доранд, ки лоиҳаҳои муштаракро роҳандозӣ намуда, варзишро миёни ҷавонон оммавӣ гардонанд. Чорабинии нахустин - фестивали MegaFon Football Day дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Рӯйдоди асосии он бозии ситораҳо бо иштироки собиқадорони дастаи ҶТ ва ашхоси соҳаи ахбору иттилооти Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Фестивал барои мухлисони синну соли гуногун як чорабинии ҷолиб хоҳад буд.

Дар банди алоҳидаи созишнома пешбинӣ шудааст, ки ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба ҳайси шарики расмии ФФТ ба тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

“Мо аз ҳамкорӣ бо ширкати пешбари телекоммуникатсионии кишвар хушҳолем. “МегаФон Тоҷикистон” шарики асосии федератсияи мо мегардад, ки ин барои ташкили бештари чорабиниҳои варзишӣ ва таъмини сатҳи баланди онҳо имконият медиҳад”,- мегӯяд дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Аҳмадҷонов.

2

«Ширкати мо аз ҷиҳати ҳамкорӣ бо ФФТ таҷрибаи зиёди мусбат дорад. Зимнан, солҳои зиёд мо дар якҷоягӣ чемпионати футболбозони наврасро аз хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳои Тоҷикистон гузаронидем, ки ин мусобиқа яке аз лоиҳаҳои муҳими иҷтимоии ҷумҳурӣ гардид. Ҳоло мо ба сатҳи нави дастгирии футболи тоҷик, ки миллионҳо сокинони кишварамон онро дӯст медоранд, мебароем»,- қайд кард директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ш. Душанбе ва НТМ Далер Наимов.

MegaFon Football Day и поддержка национальной сборной: МегаФон Таджикистан и ФФТ будут развивать футбол вместе

Федерация футбола Таджикистана и МегаФон Таджикистан подписали договор о сотрудничестве на 2024-2025 годы. Подписи под документом поставили генеральный секретарь ФФТ Фуркат Ахмеджанов и директор регионального управления по г. Душанбе и РРП компании «МегаФон Таджикистан» Далер Наимов.

В планах сторон – запуск совместных проектов и популяризация спорта среди молодёжи. Первое мероприятие, фестиваль MegaFon Football Day, пройдёт в августе на Центральном республиканском стадионе в Душанбе. Его главным событием станет матч звезд с участием ветеранов сборной РТ и медийных персон Таджикистана. Фестиваль станет ярким событием для болельщиков всех возрастов.

Отдельный пункт соглашения предусматривает, что МегаФон Таджикистан в качестве официального партнера ФФТ будет оказывать поддержку национальной сборной РТ.

3

«Мы рады сотрудничеству с ведущей телеком-компанией страны. МегаФон Таджикистан станет ключевым партнером нашей федерации, что поможет проводить больше спортивных мероприятий и обеспечивать их высокий уровень», – говорит генеральный секретарь Федерации футбола Таджикистана Фуркат Ахмеджанов.

«У нашей компании большой позитивный опыт сотрудничества с ФФТ. Так, мы много лет вместе проводили чемпионат для юных футболистов из детских домов и школ-интернатов Таджикистана, этот турнир стал одним из значимых социальных проектов в республике. Теперь мы выходим на новый уровень поддержки таджикского футбола, который любят миллионы жителей нашей страны», – отметил директор регионального управления по г. Душанбе и РРП компании «МегаФон Таджикистан» Далер Наимов.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД