Донистан мехоҳам, ки ба шахсони дорои маъюбияти гуруҳи сеюм аз ҷониби давлат чӣ гуна имтиёзҳо дода шудааст?
Р. А.
Посух
Мувофиқи талаботи моддаи 30-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон", маъюбон ҳуқуқ доранд бо пешниҳоди шаҳодатнома аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ) ба таври ройгон ва аз нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ ба таври имтиёзнок истифода намоянд.
Мувофиқи талаботи моддаи 31-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон", маъюбон ба имтиёзҳо, аз ҷумла андозбандии имтиёзнок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.