toyota motors
Мавсими обрасонӣ дар Зафаробод расман оғоз шуд
07.04.2026
Oila.tj
55

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо вазъи кунунии пойгоҳҳои обкашӣ, аз ҷумла пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-1» аз наздик шинос шуда, ба фаъолияти пойгоҳ дар мавсими имсолаи обрасонӣ оғози расмӣ бахшидааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят, айни ҳол дар ноҳияи Зафаробод 12 адад пойгоҳи обкашӣ фаъолият дошта, дар онҳо 19 агрегати пуриқтидор ва 10 агрегати иқтидорашон хурд васлу насб гардидааст. Соли 2025 Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо 17 ассотсиатсияи истифодабарандагони об шартнома баста, ба онҳо 246 миллион метри мукааб об дастрас намудааст.

Гуфта мешавад, ки соли ҷорӣ мутахассисони соҳа бо анҷоми корҳои таъмиру омодасозии агрегатҳо ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани таъминоти об ба заминҳои кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД