Arzon march 2024
Мавсими нави истироҳат фаро расид
386

Аз 10 июл дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии пойтахт даври сеюми истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Ҳамин тавр, дар истироҳатгоҳҳои «Гулхан»-и ноҳияи Сино, «Орзу»-и ноҳияи Фирдавсӣ, «Зимчуруд»-и ноҳияи Шоҳмансур ва «Шарора»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо фарогирии 948 нафар, дар 36 адад майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ 1440 нафар ва бо фарогирии 100 нафар кӯдакону наврасони аъзои маҳфилҳои Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» истироҳат доранд.

 

Дар маҷмуъ дар 4 баст тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2023» 10 352 нафар-4192 нафар дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва 6160 нафар дар майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ аз 12 июн то 16 августи соли 2023 бо давомнокии 11 рӯз ройгон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД