Нозияи Кароматулло сарояндаи хушовоз, фарзанди шодравон Кароматуллои Қурбон ва хоҳари Муҳамадрафии Кароматуло имрӯз мавлуд дорад.
Ин бонуи хушсадо 7 феврали соли 1988 дар Душанбе дар яке аз оилаҳои овозхони машҳури тоҷик шодравон Кароматулло Қурбон ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 2005 ба мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова дохил шуда онро хатм кардааст. Баъди хатми ин мактаби мусиқӣ ба курси академии дипломӣ оид ба вокал ва рақс дар шаҳри Деҳлӣ дохил мешавад ва соли 2010 Консерваторияи Ҳиндустонро бо дипломи аъло хатм мекунад.
Нозия дар баробари сурудҳои тоҷикӣ, сурудҳои ҳиндӣ пешниҳоди мухлисонаш гардонид. Айни ҳол ин сароянда дар ансамбли эстрадии “Ориё”- Кумитаи телевизон ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бародараш Муҳаммадрафи Кароматулло роҳбарии бадеии ин ансамбл аст, фаъолият менамояд.
Нозияи Кароматулло соҳиби ду фарзанди дӯстрӯяк мебошад.
Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТҶ Нозияи кароматуллоро бо ҷашни милодаш муборакбод гуфта, ба ин сарояндаи маъруф ва маҳбуб парвозҳои аз ин ҳам баландтари эҷодӣ орзу мекунанд.
Р.С Давоми рӯз кӯшиш мекунем, бо ӯ дар тамос шуда, чӣ гуна, дар куҷо бо киҳо гузаронидани зодрӯзашонро ба мухлисонаш расонем.