“Синфи 5 мехондам, ончунон завқи навохтани дутор доштам, ки андоза надошт. Аз пешам чӯб ё ягон шохаи дарахт мебаромад, онро мисли дутор менавохтам. Шавқу завқи баланди маро ба дуторнавизӣ дида, волидонам барои идомаи таҳсил иҷозат доданд.... “
Ин пора аз нақли ҳунарманди маъруфи тоҷик Мастона Эргашева мебошад, ки зимни сӯҳбат бо хабарнигори сомонаи Оила. ТЧ дар арафаи “Рӯзи Модар” аз овони кӯдакию наврасии худ ёд карданд. Солҳои 1960-1970-и қарни гузашта духтарони маҳаллиро аз ноҳияҳои дурдаст барои таҳсил дар риштаи саънат иҷозат намедоданд, вале волидони Мастона шавқу ҳаваси бепоёни духтарашонро ба овозхонию рубобнавозӣ дида, бо дуои сафед ӯро ба пойтахт гусел намуданд.
Мастона Эргашева соли 1969 аввалин бор аз ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) ба Душанбе омада ҳуҷҷатҳояшонро ба донишкадаи санъат супурд. Дониши хуб ва истеъдоди баландаш ӯро ёру ёвар гашту ба осонӣ сазовори номи донишҷӯ гардид ва ҳамин тавр риштаи ҳаёташ бо саҳнаву санъат пайваст.
Мастона Эргашева 25- соли умри бобракати худро дар ансамбли “Шашмақом”-и Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчни сарояндаи яккахон гузаронидааст. Соли 2003 бо ташаббуси Талабхуҷа Сатторов Қонсерваторияи Миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва Мастона Эргашева ҳамчун устоди санъаӣт ба ин даргоҳи ҳунар ба кор даъват шуда, то имрӯз дар ин ҷо ҳамчун омӯзгорфаъолият доранд.
Зимни сӯҳбат ин ҳунарманди машҳур аз он нигарони кард, ки солҳои охир, аниқтараш баъди ба нафақа рафтанаш дигар ба барномаҳои телевизионӣ даъват намешавад.
“Одам дар ҳамин синну сол ба камолот мерасад, ба камолоти ҳунар мерасад, ба камолоти таҷрибаи ҳақиқӣ мерасад. Дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон манъ кардани ҳунарнамоии ҳунармандони нафахӯр барои мо зараи сахт аст. Мо умри худро сарфи санъати тоҷик кардем, вале имрӯз нолозим шудем. Шукри Худованд қоматам хам нашудааст, овозам нагирифтааст, худро каме орову торо диҳам, шояд ҷавонтар менамудагистам...”-мегӯяд Мастона Эргашева.
Соли 2022 ба ифтихори 55- солагии фаъолити ҳунарӣ ва 70-умин солгарди умри ин ҳунарманди наҷиб маҳфили бошукӯҳе барпо гашт, ки дар он намояндагони фарҳанги кишварҳои ҳамсоя ҳам иштирок доштанд. Зимни сӯҳбат мо аз Мастона Эргашева пурсидем, ки боз киҳороо интизор буду наомаданд?
Хушдоман ҳам модар аст мегӯянд, вале солҳои охир носозгориҳо байни келину хушдоман зиёд ба назар мерасанд. Шумо ҳамчун як зани дар зиндагӣ таҷрибадор сабаби инро дар чи мебинед?
Ба ин ва чанд чанд саволи дигари мо Мастона Эргашева посухҳое хеле аҷибе доданд.
Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст гуфтаанд, биёед адешаҳои , ки ин зани сар то по ҳунарро аз забони худаш ишнавем. (Видео)