Arzon march 2024
Маслиҳатҳои муфид ба духтароне, ки шавҳар кардан мехоҳанд
998



Мехоҳед марди орзуҳоятонро пайдо намуда, оилаи хушбахт бунёд намоед? Интизор нашавад, ки кай бахт дари шуморо мекӯбад.

Аз ин маслиҳатҳои муфид истифода бурда, метавонед марди дилхоҳатонро ошиқи шайдои худ созед.

1. Либосҳоеро ба бар намоед, ки зебогии қаду қомати шуморо нишон диҳанд. Пӯшидани куртаҳои нозуки тӯр (кружева) дошта айни муддаост, вале домони кӯтоҳ (мини-юбка) ва куртаҳои беостинро ба шумо маслиҳат намедиҳем. Ягон марди ҷиддӣ бо мақсади оиладоршавӣ бо зани нимурён шинос намешавад.

2. Ба хотири ба назар зебо намудан чеҳраатонро аз ҳад зиёд рангубор накунед. Аз косметикаи босифате истифода баред, ки ҳусни шуморо табиӣ ҷилва диҳад. Мӯйҳоятонро уту кунед ё ба таври ғайриоддӣ бофед, то диққати мардонро ҷалб созад.

3. Марде аз байни ҳамкорон, ҳамкурсон ё шиносҳоятон ба шумо писанд омада бошад, дар ҷамъомадҳои умумӣ дар паҳлӯяш шинед, мӯйи ба костюмаш часпидаро бо нӯги ангуштонатон бигиред ё бо табассуми малеҳ хоҳиш кунед, ки ба шумо ин ё он чизро диҳад. Бо ин роҳ шумо таваҷҷуҳи мардро ба худ ҷалб месозед.

4. Вақте ки ба мошини марди писандидаатон мешинед, гӯё тасодуфан ягон чизи худро дар мошинаш “фаромӯш” кунед. Ин барои вохӯрии навбатӣ баҳонаи хубе хоҳад шуд.

5. Аз марди ба шумо писанд омада хоҳиш кунед, ки дар ягон кори сабук ба шумо ёрӣ расонад, масалан барномаи компютер ё телефонатонро дуруст кунад.

6. Вақте ки бо мард шинос мешавед ва рақами телефонатонро медиҳед, таъкид намоед, ки дар соатҳои муайян ба шумо занг занад. Бигзор фикр кунад, ки шумо хеле бонуи серкор ҳастед ва соати дидорро бесаброна интизорӣ кашад.

7. Дар суҳбату мулоқотҳои аввал дар бораи худатон хеле кам гап зада, бештар дар бораи кору бори мард бипурсед. Зан бояд мисли китоби нохонда бошад. Ҳар қадаре, ки мард дар бораи шумо камтар донад, ҳамон андоза шавқаш бештар мешавад.

8. Бо марде, ки ҳамроҳаш оила бунёд намудан мехоҳед, ҳаргиз ба меҳмонхона наравед, дар хонааш меҳмон нашавед ва наздикӣ накунед. Фаромӯш накунед, марди мусалмон бо зан ё духтаре, ки ба осонӣ ба оғӯши мард медарояд, оила бунёд намекунад. Дастнорас будани духтар мардро маҷбур месозад, ки бо ӯ хеле ҷиддӣ муносибат намуда, дар фикри тӯй ва бунёд намудани оилаи хушбахт шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД