arzon replenishment
Маъшуқаи сиёҳакам маро шарманда карданист
1633


Исмам Фарҳод. Ба як гирдоб афтодам ва ниёз ба маслиҳати шумо дорам. Тавассути месенджер ба доми як хонуми сип-сиёҳаки зебои африкоӣ афтидам ва намедонам чи тавр аз ин варта халос шавам.

Ман асосан шабҳо бо переводчик бо ин зани африқоӣ гап мезадам. Шайтон ғалаба карду ман дар видеовизов корҳои безеб кардам, яъне нимбараҳна бо ӯ сухбат кардам. Занаки африкоӣ маро навор кардааст.

Акнун шабу рӯз менависад,ки дар таиоми шабакаҳо навори маро мепартояд. Талаб карда истодааст, ки 50 000 доллар гузарон.
Хеле зик шудам.Чӯраам мегӯяд, ки ин вай дар худи Африка аст, ҳеҷ кор карда наметавонад, вале ман метарсам, ки яке наворро монад, дар назди хешу табор, ёру дӯстон ва зану кӯдаконам шарманда мешавам. Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?

Илтимос, таҳқир нанависед, чунки худам нағз медонам, ки гунаҳкорам!

Мавод аз “Кошонаи Шаҳло” гирифта шудааст

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД