Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии АМИТ, 14-уми марти соли 2024 соати 09:25 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, маркази ин зилзила 207 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 19 километр ғарби ноҳияи Лахш будааст.
Қувваи заминларза дар марказаш 3-4 балл ва дар маркази ноҳияи Лахш 3 баллро ташкил додааст.
Гуфта мешавад, ки хушбахтона, ин заминларза талафоти ҷониву хисороти дигар надоштааст.