1xbet
Маърифати молиявӣ: 4 роҳи расидан ба зиндагии шоиста
09.06.2025
Oila.tj
280

Барои расидан ба зиндагии шоиста, чанд амал ва фаҳмиш зарур аст, ки бояд дар зиндагӣ татбиқ шаванд. Устоди бизнес ва муассиси мактаби “Оксфорд” дар Тоҷикистон Саидмурод Давлатов чаҳор омили асосиро номбар кард.

Аввал, фикронии худро дигар бояд кард. Агар дар фаҳмиш фақат норасоӣ, яъне бепулӣ, камбағалӣ, мушкили зиндагӣ ва дигар фикрҳои нолозим бошанд, инсон муваффақ намешавад. Ба чунин тоифаи инсонҳо миллион доллар ҳам диҳед, боз дар ҳамон сатҳи пасти зиндагӣ қарор мегиранд. Чунки фундаменти майнаи сар карахту қолабӣ шуда мондааст. Яъне, он чӣ дар майнаи сари одам ҳаст, ҳосил ҳамон мебарояд. Ба дасти дилхоҳ одами камбағал 10 ҳазор доллар ҳам диҳед, фикр мекунед, ки 100 ҳазор доллар мекунад? 99 фоизаш ин корро карда наметавонад. Бинобар ин, инсон бояд аввал зеҳнро дигар кунад. Кор кардани пулро набояд ҳавас кард. Кор кардани пул осон аст. Фаҳмишро дигар кардан душвор аст. Зеро мушкил аст, ки одам худро ислоҳ кунаду дигар шавад. Баъзе одамон дурӯғ мегӯянду фиреб медиҳанд. Инро худашон хуб медонанд. Ҳазор маротиба шунидаанду аз китоб хондаанд, ки дуруғгӯӣ торикии имон аст. Аммо боз ҳамон амалашонро идома медиҳанд. Баъзеҳо бадҷаҳланду забони тунд доранд, сабр надоранд, ғурурашон баланд аст. Бо андак гап оташ мегиранду боз пушаймон мешаванд. Имрӯз ҷамъият дигар шуда истодааст ва мо бояд фаҳмиши худро иваз намоем.

Дуюм, гирифтани илми молиявӣ. Вақте ки нуқтаи назар дигар шуд, одам ба илм ҳавас пайдо мекунад. Нақшаи хароҷот тартиб медиҳад ва ба куҷо сарф кардани пулро медонад. Яъне, аввал хароҷоти заруриро рӯйхат мекунад. Зимнан, хароҷот ҳам ду шакл мешавад: аз рӯйи хоҳиш ва зарурӣ. Хатои онҳое, ки қарздор мешаванд, маошро мегиранду ба қисмати аввали хароҷот бештар сарф мекунанд. Вақте ки пули иловагӣ монд, сипас аз пайи хостаҳо шавед.

Сеюм, баъд аз тақсими хароҷот нақшаи даромадро созед. Агар хароҷот дар як моҳ 2 ҳазор сомонӣ бошад, нақшаи даромадро ба 4-5 ҳазор сомонӣ тартиб диҳед. Агар диққат карда, аз паси мақсад равед, ҳамон чиз амалӣ мешавад. Албатта, дар як рӯз не, зина ба зина, сол ба сол иҷро мешавад.

Чорум, танзими хароҷоти оила низ хеле муҳим аст. Ин амалро бояд падар анҷом диҳад. Аммо хазина бояд ба дасти модар бошад. Ба шарте, ки модар малакаи истифодаи пулро донаду барбодкор набошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД