Марги як зан аз вируси Nipah
133

Вируси марговари Nipah боиси марги як зани тахминан 50-сола дар Бангладеш гаштааст. Дар ин бора The Independent дар такя ба Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки нишонаҳои аввалини беморӣ аз 21-уми январ оғоз ёфта, занро аввал табларза гирифтааст ва баъдан аломатҳои дигар, аз қабили дарди сар, аз ҳад зиёд рафтани оби даҳон, тирашавии хотира пайдо шуда, пас аз як ҳафта зан аз олам гузаштааст.

Як рӯз пас аз марги зан ташхисҳои лабораторӣ гузаронида шуда, маълум гаштааст, ки ӯ аз вируси Nipah сироят ёфтааст. Бино ба гузориши манбаъ, зан ба хориҷи кишвар сафар накардааст, вале шарбати хурморо, ки яке аз манбаҳои сироятёбӣ ба шумор меравад, нӯшидааст. Айни замон ҳамаи 35 нафар одамоне, ки бо ӯ тамос гирифтаанд, таҳти назорат қарор доранд ва ягон ҳолати нави сироятёбӣ аз вируси Nipah ошкор нагаштааст.

Вируси Nipah яке аз патогенҳои хатарнок ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз аз ин вирус ягон намуди ваксина ё табобати мушаххас вуҷуд надорад ва сатҳи фавт метавонад то ба 75% бирасад. Табибон ҳушдор медиҳанд, ки наҷотёфтагон мушкилоти неврологиро аз сар мегузаронанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД