Риштаи умри боз як ҷавонмарди тоҷик бар асари садамаи нақлиётӣ канда шуд.
Ҳодиса шаби 3-юми май, тахминан соати 01:40-дақиқа сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус”, Маҳмудов Абдусатор Саймаҳбубович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи-Поён”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи ронанда, Давлатов Фарух Насруллоевич, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”, Давлатов Ф.Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.