arzon replenishment
Марги ҷонсӯзи кӯдаки 6-сола дар садамаи нақлиётӣ
1048


Ҳарчанд дар замони муосир техника кори одамонро осон карда бошад ҳам, ҳар рӯз ҷони чандин касон, аз ҷумла кӯдакони ноболиғро рабуда, дар дили падару модар, хоҳару бародар ва хешу ақрабои қурбниён доғи абадӣ мениҳад.

Вазорати корҳои дохилии кишвар аз сар задани боз як садамаи тақдирсӯз хабар додааст, ки хонаеро мотамсарой гардонд...
Ин ҳодисаи нохуш тахминан соатҳои 19: 20-и шом сар зада, мошини боркаши тамғаи “ГАЗ 53” бо сабаби аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромадани ронанда Маҷидов Қудратулло Ҷумъаевич, сокини ноҳияи Нуробод, ҳангоми ҳаракат аз самти мавзеи кӯҳии деҳаи Кабутиёни ҳамин ноҳия ба чуқурии тахминан 3-4 метр чаппа шудааст.

Дар паи ин ҳодиса кӯдаки хурдсол Умари Насимҷон, соли таваллудаш 2016, ки дар даруни мошин будааст, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД