Сарояндаи шинохта, маҳбуб ва хушсадову хушсимои саҳнаи тоҷик Баҳром Ғафурӣ имрӯз, тахминан соатҳои 3 ба 4 - и субҳ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе дар наздикии ДДОТ ба садамаи автомобилӣ дучор гашта, ҷон ба ҷонофарин супурдааст.
Ба гуфти як шоҳиди ҳодиса, ки худро Достон мурифӣ намуд, садама субҳи имрӯз рух додааст ва мошини тамғаи “Ленд - Крузер”, ки дар он Баҳром Ғафурӣ мусофир буд, ба "КамАЗ" бархӯрдаанд. Дар як дам он ҷо серодам шуд ва Баҳромро ҳамроҳи ду рафиқаш ба беморхона интиқол доданд, аммо каме пас хабар расид, ки то ба беморхона нарасида, Баҳром аз дунё гузаштааст.
аксҳо аз ҷойи ҳодиса
Баҳром Ғафурӣ ҳамагӣ 44 сол умр дошт. Ӯ зода ва истиқоматкунандаи маҳҳали Мавлонои н. Рӯдакӣ мебошад. Аз ӯ ду писар, ки яке донишҷӯ бо номи Анушервон ва дигаре Эҳсони 17 - сола нишона монданд.
Маросими ҷанозаи Баҳром Ғафурӣ соати 12 - и имрӯз дар манзили модараш, воқеъ дар маҳаллаи маъруф ба "Ҳазрати Мавлоно" –и пойтахт баргузор мешавад.
Парвиз Ашӯров, яке аз дӯстони Баҳром Ғафурӣ, ки шоми гузашта бо ӯ дар як т=й иштирок доштааст, гуфт, ки ин овозхон тақрибан соатҳои 21 аз тарабхонаи "Яккачинор" баромад ва ба дӯстонаш гуфтааст, ки ба хонааш меравад, чунки бояд барои устоҳо, ки машғули таъмири хонаашанд, масолеҳи сохтмонӣ барад.
"Бо иштироки як гурӯҳ ҳунармандон дар ин маърака будем. Баҳром низ сурудхонӣ кард. Мо аз акаи Баҳром хоҳиш кардем, ки ҳамин шаб бо мо бошад, то ки хурсандӣ кунем. Гуфт, ки бисёр дилам мехоҳад шиштану лекин дар хона устоҳо кор карда истодаанд. Баъзе чизҳо фармоиш додаанд, бояд ҳамонҳоро гирам. Тақрибан соатҳои 9 - и шаб Баҳром аз назди мо рафт. Ним соат пас боз бо ӯ тамос гирифтем, ки як барнома карданием. Гуфт: биёед дар студияи худам сабт мекунем", - гуфт Ашӯров.
Вазорати корҳои дохилии кишвар чанд лаҳза пеш иттилоъ дод, ки имрӯз тахминан соати 04:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ланд – крузер - 200», рақами қайди давлатиаш 01 - 57JJ01, Анварзода Ислом Қурбон, соли таваллудаш 1991, муовини Прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе суръати автомашинаро баланд карда, ба автомашинаи тамғаи «Камаз» бархӯрдаааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Баҳром Ғафурӣ, соли таваллудаш 1976, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Худи ронанда Анварзода И. Қ. ва мусофири дигари автомашина Зарипов Баҳодур, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Баъди ташхиси тиббӣ муайян карда шуд, ки ҳамаи ин се нафари иштирокчиёни садамаи нақлиётӣ дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.
Ӯ аз шумори сароянаҳое буд, ки солҳои 2011 - 2014 ду дафъа ҷоизаи бонуфузи “Big Music Awards” - и Амрико ба даст овард.