Вазорати умури дохилии кишвар аз марги фоҷиавии ду зани тоҷик дар роҳ хабар додааст. Шоира ва Макнуна бо дили моломоли орзуҳои ширин ба сафар баромада, ҳатто ба гӯшаи хаёлашон намеоварданд, ки бо пойи худ ба истиқболи марг мераванд...
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон фоҷиаи аввал рӯзи 10-уми сентябри соли равон, тахминан соатҳои 12:00 сар зада, ронандаи мошини «Опел-Вектра» Муҳамммадиев Ҷамшед Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1976, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Конибодом-Деҳмой», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, бехатарии ҳаракати роҳро вайрон намуда, ҳангоми сабқат ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба мошини тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Исмоилов Файзалӣ Шералиевич, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Конибодом бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири «Опел-Астра», Умурзоқова Шоира, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Конибодом, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Фоҷиаи дуюм ҳамагӣ ду соат пас, тахминан соати 14:10 ба вуқуъ пайваста, ронандаи «Опел-Астра», Абдуллозода Мақсадҷон Фатхулло, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи С.Шерозӣ, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ҳасанова Макнуна Ҳасановна, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Айниро пахш намуда, баъдан ба мошини тамғаи «Фолксваген Поло», таҳти идораи Мадисоев Маҳмадуло Маризоевич, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе бархӯрдааст. Пиёдагард Ҳасанова Макнуна бар асари ин ҳодисаи нохуш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронандагон ба беморхона бурда шудааст, вале табибон ҷони занро аз панҷаи марг наҷот дода натавонистаанд ва ӯ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Тафтишот аз рӯйи ин ҳдисаҳо идома дорад.