Gazprom july 2025
Марги 5 журналист бар асари як ҳамлаи Исроил дар Ғазза
134

Бар асари як ҳамлаи Исроил дар Ғазза 5 нафар кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора расонаҳои хориҷӣ хабар медиҳанд.

Бино ба иттилои Би-би-сӣ, дар пайи ҳамлаи неруҳои Исроил дар Ғазза хабарнигори “Ал-Ҷазира” Анас ал-Шариф ва чаҳор нафар ҳамкасбонаш, ки дар даромадгоҳи беморхонаи “Шифо” дар хайма зиндагӣ мекардаанд, ба ҳалокат расидаанд.

Ҷониби Исроил зарба задани худро эътирооф намуда, гуфтааст, ки ҳадафи асосӣ Анас-ал-Шариф буд. Исроил чунин мешуморад, ки ин хабарнигор дар ҳамлаи мушакӣ ба иншооти ҳарбии Исроил даст доштааст.

“Ал-Ҷазира» ин амалро ҳамлаи барқасдона бар зидди озодии сухан номида, гуфтааст, ки Анас-ал Шариф яке аз журналистони фаъол буд ва туфайли заҳматҳои ӯ тамоми ҷаҳон аз ҳақиқати рӯйдодҳои Ғазза огоҳӣ пайдо мекарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД