Formula novemver 2024
Марди рус духтари 14-солаи тоҷикро таҷовуз карду...
3044

Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як марди 40-солаи рус бо гумони содир намудани ҷинояти вазнини куштор хабар додааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, боздоштшуда дар таҷовуз ва қатли духтари ноболиғи тоҷик гумонбар дониста мешавад.
Аз навори видеоӣ, ки кормандони ВКД омода намудаанд, чунин бармеояд, ки ҷинояткорро худи волидони ба манзилаш овардаанд. Ин марди рус усто буда, соҳибни хона ӯро барои таъмири манзили истиқоматиашон ба хонааш даъват кардааст, вале ...

Устои худобехабар дар манзили падари духтар нӯшокиҳои спиртӣ нӯшида, сахт маст мешавад ва дар ҳолати мастӣ ба ҳуҷраи дигар, ки духтарак дар он ҷо хоб будааст, даромада, бо роҳи зӯрӣ ба номуси ин духтари ноболиғ таҷовуз менамояд ва сипас ӯро бо бераҳмии махсус ба қатл мерасонад.
Пас аз содир намудани ин ҷинояти вазнин усто ҷасади духтараки ғуррамаргро дар байни кӯрпаҳо пинҳон намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.

Ин ҳодисаи мудҳиш рӯзи 28-феврал рӯй дода, устои қотил 9-март ба чанг афтидааст. Айни замон нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2-и моддаи 104-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишоти ҷузъиёти дигари ҳодиса аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД