Ҳар як мард орзу мекунад, ки соҳиби мошини нави замонавӣ бошад ва дар назди дӯсту душманонаш бо сари баланд мошинашро тозонад. Барои соҳиби мошини хуб шудан мардҳо чи корҳое, ки намекунанд, яке ба мардикорӣ меравад, дигарӣ аз ризқу рӯзии аҳли хонаводааш зада, мошин мехарад, саввумӣ бо макру фиреб мошинро мегираду додани пулашро фаромӯш мекунад. Қаҳрамони хабари нави сомонаи ВКД аз зумраи мардони типпи сеюм буда, ҳамагӣ бо 20- ҳазор сомонӣ якбора соҳиби ду мошини қиматбаҳо гаштааст, вале “ Мерседес-Бенс» ва «Тойота Камри-2” ба ҷойи хушбахтӣ ба ин мард танҳо бадбахтӣ оварда, ӯро ба гирдоби кашмакаш гирифтор намуданд.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ариза марди 38-солаи сокини пойтахт муроҷиат карда аз он шикоят намудааст, ки як марди 47-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ якбра 2-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» ва «Тойота Камри-2»-ро, ки арзишашон 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, нархгузорӣ карда гирифтааст, вале аз ин маблағ танҳо 20 ҳазор сомонӣ пардохт намуда, боқимондаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад ва дар сурати собит шудани гуноҳаш марди мошиндӯст чанд соли умрашро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард.