arzon replenishment
Марде, ки худро “Худои нав” эълон кард, дастгир шуд
809


Абдилдаев Арстанбек худро "Худои нав" ва "Наҷотбахш" эълон кардааст. Аксари пайравонаш духтарон буда, таҳти таъсири суханони ӯ қарор гирифта, ақидаи худро иваз мекарданд, ки ин боиси низоъ ва ҷудоӣ дар дохили хонаводаҳо мегардид.

Ин марди 55- сола духтаронеро, ки ӯро пайравӣ мекарданд, барои қонеъ сохтани нафси шаҳвонии худ истифод мебурд. Онҳоро бо манзил ва кӯмаки молиявӣ таъмин карда, ба сурати мунтазам барояшон мавъиза (мантра) мехонд ва дар ин мавъизаҳо бартарии худро бар динҳои дигар таъкид карда, иддао мекард, ки ягона “Худои нав” ӯст.

Ҳиллаву найранги “Худои нав” дер давом накарда, оқибат лаҷомашро кашиданд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) хабар дод, ки дар чорчӯби тафтиши парвандаи барангехтани низоъи динӣ ва “бо мақсади андешидани чораҳои бетаъхир барои солим гардондани муҳити динӣ дар кишвар” зодаи вилояти Норин Абдилдаев Арстанбек Бейшеналиевич, соли таваллудаш 1968, маъруф бо номи “Арстан Алай” дастгир шудааст.

Ба иттилои расмии КДАМ, сабаби кушодани парванда ба зидди ӯ китобҳояш ва ҳамчунин баёнияҳояш дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ гаштааст, ки дар онҳо аломатҳои даъват ба барангехтани низои динӣ байни динҳо ва ҷудо кардани шаҳрвандон аз нигоҳи мансубияти динӣ дида мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД