Sebiston new 2024 october
Мард бояд чӣ пӯшад ва чӣ гӯяд, то ки ба духтар писанд ояд?
2397

Баъзан чунин мешавад, ки зоҳиран мард ба зан ё духтар писанд аст, вале баъди мулоқоти аввалини ошиқона дигар ба вохӯрӣ намеояд. Сабаб дар он аст, ки аксари ҷавонмардон зимни мулоқоти аввалини ошиқона ба хатогиҳои зиёде роҳ медиҳанд. Хатоҳои мард дили духтарро хунук месозад ва дигар бо ӯ вохӯрдан намехоҳад. Барои он ки чунин нашавад, мард бояд дар мулоқоти аввалин чи пӯшидану чи кор кардан ва чӣ гуфтанашро хуб донад. Агар мехоҳед аз вохӯрии аввалин дили духтарро ба даст биёред, ин маводро то охир бодиққат хонед.

ҚОИДАИ 1

Аз худ вазир насозед!

Аксари ҷавонон ба хотири худро марди ҷиддӣ нишон додан ба мулоқоти аввалини ошиқона бо шиму костюм ва дастагул омада, чунон боэҳтиётона рафтор мекунанд, ки зан худро дар ҷаласаи корӣ эҳсос намуда, дилгир мешавад ва дубора ба мулоқот намеояд. Расмияти аз ҳад зиёд занро хаста месозад, бинобар ин, кӯшиш кунед, ки озодона рафтор намоед.

ҚОИДАИ 2

Бо риши расида ба мулоқот наравед!

Мардуми рус мақоли хубе доранд: “Одамро бо сару либосаш истиқбол гирифта, бо ақлаш гусел мекунанд”. Дар мулоқоти аввалини ошиқона намуди зоҳирии мард барои зан нақши хеле муҳим дорад, бинобар ин, кӯшиш кунед, ки сару либосатон тозаву озода ва дилкаш бошад. Ришатонро ҳатман гирифта, атру дезодорант пошед, то ки аз бадани шумо ягон бӯйи бад ба машоми духтар нарасад.

ҚОИДАИ 3

Аз суҳбат лаззат баред!

Аксари мардон ҳангоми мулоқоти ошиқона танҳо дар бораи он фикр мекунанд, ки духтар ишқашонро қабул мекарда бошад ё не. Зиёд дар боби натиҷаи мулоқот андешаронӣ намудани мард боис мегардад, ки суҳбат ҳеҷ қур намегирад. Барои он ки бо шумо низ чунин ҳолат рӯй надиҳад, озод бошед ва аз суҳбат бо духтари дӯстдоштаатон лаззат баред. Ҳар қадар озод бошед, ҳамон андоза суҳбат ширинтар мешавад.

ҚОИДАИ 4

Дар бораи дин ва сиёсат гап назанед

Мавзӯи суҳбат низ муҳим аст. Дар мулоқоти аввал шумо бояд тавре рафтор ва гуфтор намоед, ки зан аз он лаззат барад. Дар вохӯрии аввал ба ҳеҷ ваҷҳ дар боби сиёсат, дин ва дигар мавзуъҳои баҳснок бо зан суҳбат накунед. Мавзӯи сӯҳбати шумо бояд сабук ва саргармкунанда бошад-орзуву хотираҳо, тассуротҳои сафар, ҳодисаҳои хандаовар, суруду мусиқӣ ва ғайра...

ҚОИДАИ 5

Табъи хуш оҳанрабост

Табъи хуш ба кас нерӯи тоза бахшида, мисли оҳанрабо ҳамсуҳбатро ба сӯйи худ мекашад, бинобар ин, кӯшиш кӯнед, ки бо рӯҳи болида ба мулоқот равед. Ягон мушкилӣ дошта бошед ва табъатон гирифта бошад, беҳтараш мулоқоти ошиқонаро ба вақти дигар гузаронед.

ҚОИДАИ 6

Саргузашти ҷолиб ва хотирмон

Аксари мулоқотҳои ошиқона дар тарабхона ё қаҳвахона мегузаранд, вале шумо метавонед духтари дӯстдоштаатонро ба сайри боғ ё ягон ҷойи дигари барангезандаи эҳсосот даъват намоед, то ки барои ҳардуятон ин мулоқот як саргузашти ҷолиб ва хотирмон гардад.

ҚОИДАИ 7

Кӯтоҳ ва ширин

Мулоқоти аввал бояд кӯтоҳ ва ширин бошад. Барои ошноӣ бо духтар ҳамагӣ як-якуним соат кифоя аст. Пас аз якуним соат бо ягон баҳона бо духтар хайрухуш кунед, то мулоқоти ояндаро бо шумо интизорӣ кашад.

ҚОИДАИ 8

Бештар дар бораи духтар бипурсед

Ҳамаи мо дар бораи худамон гап заданро дӯст медорем, вале дар мулоқоти аввалин мард бояд камтар гап зада, бештар ба гапҳои зан гӯш диҳад. Дар бораи машғулиятҳои дӯстдоштаи духтар, орзуҳояш бипурсед. Ҳар қадаре, ки зан бештар дар бораи худаш нақл кунад, ҳамон андоза ба шумо бештар бовар мекардагӣ мешавад. Ин барои идома ёфтани муносибатҳо зарур аст.

Ин буд чанд маслиҳат дар боби мулоқоти аввалини ошиқона!

Фикру андеша ва хотираҳои худро аз мулоқоти аввалин дар шарҳи мавод нависед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД