Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, барои пешгирӣ аз омадани бемории обилаи маймун ба кишвар, ки рӯзи 14-уми август Созмонии умумиҷаҳонии тандурустӣ аз хатари фарогирии он ҳушдор дод ва дар баъзе аз мамолики дунё вазъи фавқулода эълон кард, дар чор фурудгоҳи байналмилалӣ ва гузаргоҳҳои марзӣ дастгоҳҳои лозимиро насб кардааст.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқуллода ва кўмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ гуфтааст, пас аз ҳушдори СУТ омодагии мутахассисонро бештар ва нуқтаҳои санҷиширо дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ, хусусан фурудгоҳҳои байналмилалӣ ба ин беморӣ мутобиқ кардаанд.
“Мо 4 фурудгоҳи байналмилалӣ дорем, ки беш аз ҳама ҳавопаймоҳо тавассути фурудгоҳи Душанбе ва Хуҷанд ба хориҷ парвоз мекунанд. Махсусан, ба Истамбул, Дубай ва баъдан ба дигар кишварҳо ва нуқтаи охири қабули мусофирон ин Тоҷикистон аст. Ғайр аз фурудгоҳҳое, ки ман номбар кардам, дигар нуқтаҳои пайваст бо ҷаҳон надорем”,- гуфтааст Ҷаъфаров.
Ба таъкиди Ҷаъфаров, онҳо мусофиронеро, ки аз Тоҷикистон ба кишварҳои зери хатар мераванд ё аз он ҷойҳо меоянд, зери назорат мегиранд ва маълумоти онҳоро қайд мекунанд.
“Албатта, мо карантинро баъд аз аққалан пайдо шудани як гумонбар бояд эълон кунем. Хушбахтона, то ба ҳол ягон нафаре бо таби баланд дар фурудгоҳҳо дарёфт накардаем. Ба ҳар ҳол асбобҳое, ки ҳарорати баданро дар фосила муайян карда метавонанд, дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ насб шудаанд. Бинобар ин, ҷиҳати муайян сохтани нафаре, ки бо ҳарорати баланд тавассути фурудгоҳ ворид мегарард, мо метавонем дарҳол муайян созем”,- гуфт ӯ.
Ба зикри ин масъул, ҳамин гуна асбоб дар гузаргоҳҳои заминии вилояти Суғд ва шаҳри Турсунзода, ноҳияи Дарвоз низ гузошта шудаанд ва қарор аст дар дигар гузаргоҳҳои марзии заминӣ низ гузошта шавад.
Бояд гуфт, ки обилаи маймун бори аввал соли 2022 дар Африқо хуруҷ кард ва дар 26 давлати ҷаҳон паҳн шуд. Аз кишварҳои осиёии наздик ба Тоҷикистон Покистон ҳам сабт шудани бемориро дар қаламрави кишвараш тасдиқ кард.
Ҳоло баъди хуруҷи дубора дар соли 2024, беш аз 18 ҳазор мавриди гирифторӣ ва наздик ба 750 ҳолати фавт сабт шудааст. Макони хуруҷи дигарбори ин беморӣ Африқои Марказӣ ва Ҷанубӣ аст. Дар кишварҳои аврупоӣ ҳолати гирифторӣ дар Шветсия сабт шудааст.
Обилаи маймун хеле хатарнок дониста мешавад, аммо табобатшаванда аст ва ваксинаҳои зидди он аллакай мавҷуданд. Ин бемориро тавассути тест ва усулҳои лабораторӣ муайян мекунанд.
Обилачаҳои сурхе, ки беш аз ду ҳафта давом мекунанд, табларза, дари сар, ҳарорати баланд, дарди мушакаҳо, дарди пушт ва бемадорӣ аз нишонаҳои асосии беморӣ гуфта мешавад. Хатари бештар ба занҳои ҳомиладор, кӯдакону шахсоне, ки масунияти паст доранд ва одамони гирифтори ВНМО таҳдид мекардааст.