Маҳсулоти лозима:
Тухм - 1 дона
Об - 300 мл
Орд - 900 грамм
Равғани маска - 60 грамм
Барои зирбак:
Пиёз - 1 дона
Сабзӣ - 1 дона
Булғорӣ - 1 дона
Помидор - 2 дона
Барои қимма:
Гӯшти гов - 500 грамм
Пиёз - 1 дона
Намак, мурч, зира - мувофиқи табъ
Равғани растанӣ - 50 грамм
Тарзи таҳия:
Тобаро дар оташи паст мегузорем ва равғани растанӣ, пиёз, қаламфури булғорӣ, сабзӣ, помидор андохта, бирён мекунем. Мурч, зира ва намак пошида, боз 5 дақиқа бирён мекунем ва об рехта, сарпӯши тобаро мепӯшем, то ки хуб ҷӯшад.
Дар зарфи дигар тухм, намак, об ва равған рехта, омехта мекунем, баъд орд андохта, хамир мешӯрем. Хамири заволаро муддати 20 дақиқа дар яхдон нигоҳ медорем.
Дар ин миён барои қимма гӯшт ва пиёзро чоркунҷа реза карда, намак, мурч, зира, равғани растанӣ меандозем ва омехта мекунем.
Хамирро аз яхдон гирифта, тунук мекунем ва дароз-дароз мебурем. Дар байни ҳар як заволаи буридаамон маҳсулоти омодашударо мерезем ва мантуҳоро печонида, дар тоба меандозем. Аз болояш ним истакон об илова карда, сарпӯши тобаро мепӯшем ва муддати 30 дақиқа нигоҳ медорем.
Манту ки омода шуд, дар зарф гирифта, ба болояш укробро реза карда мепошем. Иштиҳои таом!