gazprom august 2025
Манижаи Давлат ва “ОИЛА”
64

Сарояндаи булбуловоз тоҷик, бонуи фариштарӯю фариштахӯй Манижаи Давлат, ки чанд сол боз мисли кабки қафас худро ба гӯшаи хомӯшӣ кашидааст, бо нашри 2 акс дар саҳифаҳои Фейсбук ва Инстаграм мухлисонашро бо “Рӯзи дониш” муборакбод гуфтааст. Ин аксҳо, ки чанд сол қабл дар идораи ҳафтаномаи “Оила” гирифта шудаанд, дар ангораҳои хаёли банда хотироти он рӯзҳои пур аз фараҳу шодиро дубора зинда карданд.

Давраи тиллоии эстрадаи тоҷик

Ошноии мо бо Манижаи Давлат замоне оғоз ёфт, ки қадамҳои нахустанашро ба саҳнаи ҳунар мегузошт, аммо ҳарчанд овозхони навроҳ буд, садояш, навояш, нағмаҳояш як ширинии ба худ хос, лаззати нотакрор ва кашишу ҷозибаи аҷибе дошт, ки дар сарояндаҳои дигари тоҷик камтар ба назар мерасид. Маҳз ҳамин ҷозибаи зоҳириву ботинии ин духтараки резапайкари оҳучашму ҷингиламӯй хурду калонро мисли оҳанрабо ба сӯйи худ мекашид ва ошиқи садову симову суруду оҳангҳои Манижаи Давлат месохт.

Ростӣ, он солҳоро (солҳои 2005-2025 дар назар аст) метавон давраҳои тиллоии эстрадаи тоҷик номид, зеро саҳнаи ҳунар дар ҳақиқат ба қавле ситораборон гашта буд. Пас аз чанд соли даврони рукути баъди ҷанги хунини шаҳрвандӣ, ки тамоми сохторҳоро фалаҷ гардонд, дар оғози солҳои 2000-ум як гурӯҳ овозхонҳои ҷавони ҷӯянда ва муваффақ аз қабили Сироҷиддин Фозилов, Садриддини Наҷмиддин, Баҳром Ғафурӣ, Кимиё Ҷӯраева, Дилором Қурбонова, Парвина Шукруллоева, Суҳроби Маҳмуд, Файзигули Юсуф, Баҳодури Ғафурзод, Суҳроби Сафарзод, , Самад Ғанӣ, гурӯҳи “Эҳсон”, гурӯҳи “Иқбол”, гурӯҳи “Вазир” бо сарварии Ҷонибеки Мурод, гурӯҳи овозадори “Анис”, Ҳотами Равшан, Мерубони Равшан, Шаҳроми Абубакр ва боз чандин ҳунармандони умедбахш рӯйи саҳна омаданд, ки суруду таронаҳояшонро бо сабку услуби нав эҷод намуда, санъати тоҷикро накҳати тоза бахшиданд. Мардуми аз ғаму дард хасташуда мисли лабташнагоне, ки дар поёни як биёбони дарози тафсон якбора ба чашмаҳои оби зулол расидаанд, ҳар оҳанг ва ҳар таронаи нави ин ҷавонони навҷӯю навофарро бо дилташнагӣ пазируфта, бо меҳру муҳабати бепоёни худ ҳунармандонро ба қавле рӯй даст мебардоштанд. Толорҳои консертӣ ҳамон солҳо аз фавҷи мухлисони бешумор мавҷ мезаданд ва ҳатто дар роҳравҳо ҷойи холӣ намемонд.

Табиист, ки рақобат дар ҷодаи эстрада он солҳо хеле шадид буд ва на ҳар ҳунарманд метавонист ба саҳнаи ҳунар ва ба дили мардум роҳ ёбад, аммо Манижаи Давлат-як духтараки оддии деҳотӣ аз минтақаи дурдасти Кӯлоб тавонист бо як тарона “Биё, лаби об равем” натанҳо худро чун ҳунарманди умедбахш муаррифӣ намояд, балки азизи дили мардум гашт. Ин таронаи Манижа вирди забони хурду калон гашта, бо як суруд ба қатори ҳунармандони маъруф даромад.

Моҷарое, ки ба дӯстӣ табдил ёфт

Ҳамин тавр дар як муддати кӯтоҳ Манижа бо эҷоди таронаҳои нав ба нав, ки ҳар яке аз дигарӣ муассиртар буданд, дар саҳнаи ҳунар мавқеъи хос пайдо кард ва азизи дили ҳазорон-ҳазор дилбохтагони суруду мусиқӣ гашта, ба маънои томаш ситора шуд., аммо...

Тақдир маро бо Манижа дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Ситораи сол” ошно намуд. Барномаи консертии иштирокчиёни ин озмун, ки дар сатҳи баланд мегузашт, дар Сирки давлатии Тоҷикстон баргузор мегашт ва ҳунармандони маъруф ба он модагӣ мегирифтанд. Мунижа ҳамроҳи зиндаёд Мавлуда Султонова, ки дар баробари журналисти бо ҳунармандон низ робитаи хеле наздик дошт, ду рӯз қабл аз барнома ба толор омад ва баъди бо сенария ошно шудан изҳори норозигӣ намуд, ки чаро баромадашро дар охири барномаи консертӣ гузоштаанд.

Коргардони барнома устод Давлат Убайдулло қариб як соат бо Манижа суҳбат карда, вариантҳои гуногунро пешниҳод намуданд, вале ҳеҷ яке ба дили нозуки ин бонуи ҳунар наменишаст.

Ростӣ косаи сабри банда аз “нозу нуз”-и як ҳунарманди ҷавон лабрез гашт ва ба сӯҳбати онҳоро ҳамроҳ шуда, бестиҳола ҳарчи аз даҳонам баромад, гуфтаму дар охир таъкид кардам, ки саҳнаи ҳунари тоҷик 70-80 сол холӣ набуд ва бидуни Манижа ҳам ҳаргиз холӣ намемонад. Табиист, ки ин суханонам ба Манижа хеле сахт расиданд ва қаҳр карда, баромада рафт.

Албатта барои ин корам аз роҳбарият коҳиш ҳам шунидам, вале “Ҳунармандони хуб дар ин барнома бисёранд, Манижаро бо яки дигар иваз мекунем” гӯён, аз Баҳром Ғафурӣ, ки аз ҷумлаи дӯстони наздики банда буд, хоҳиш кардам охирин шуда баромад кунад. Баҳром бо хоксории ба худаш хост “ҳарчи шумо фармоед, бону” гӯён, қабул кард, вале...

Ғайри чашмдошти банда як соат пас Манижаи Давлат дубора баргашт ва гӯё байнамон аслан ҳеҷ баҳсу мунозирае сар назада бошад, бо як табассуми малеҳ, ки аз дили поку беолоишаш дарак медод, изҳори омодагӣ намуд.

Ҳамин тарв барномаи консертӣ ба таври олӣ гузашта, Манижаи Давлат ва дигар ситораҳои эстрадаи тоҷик дар саҳна он рӯз гӯё инқилоб карданд. Мухлисон он қадар зиёд буданд, ки дар толор дигар ҷойи сузанпартоӣ намонда буд. Қисми зиёди мухлисон аз ким-куҷоҳо курсиҳои иловагӣ ёфта, дар роҳравҳо нишаста, ин барномаи ҷолиби консертиро тамошо мекарданд, мерақсиданд ва каф мекӯфтанд. Мавҷи кафкӯбиҳо то ба осон расида буд.

Минбари розҳои Манижа

Пас аз ҳамон барномаи консертӣ байни ману Манижа риштаи дӯстӣ ба вуҷуд омада, ин сарояндаи машҳур тез-тез меҳмони ҳафтаномаи “Оила” мегашт. Акнун ин ҳафтанома минбари розу ниёзи Манижа ва мухлисонаш гашта буд. Бахше доштем бо номи “Мулоқоти ғоибона” ва ҳунармандони маъруфи кишвар ҳар ҳафта меҳмони идора гашта ба саволҳои мухлисонашон посух мегуфтанд. Ҳар гоҳе, ки бо Манижаи Давлат “Мулоқоти ғоибона” баргузор мегашт, натанҳо ошёнаи 11, ки идораи ҳафтаномаи “Оила” он ҷо воеъ гашта буд, балки тамоми бинои маҷмаъаи табъу нашри “Шарқи озод”, яъне ГЖК пур-пури мухлисон мегашт. Ҳаводорони ҳунараш Манижаро чунон сахт дӯст медоштанд, ки аксаран ин мулоқотҳои яксоата то соатҳои 12-и шаб тӯл мекашиданд ва баъзан ҳатто соатҳои як-дуи шаб анҷом меёфтанд. Мухлисон аз Манижаю манижа аз мухлисонаш серӣ надошт, аммо...

Дар ин миён буданд афроди тардиле, ки Манижаи Давлатро таҳдид мекарданд. Ба телефони ин ҳунарманди машҳур аз рақамҳои ноаён чунон паёмҳои даҳшатборе мефиристоданд, ки аз хонданашон ба тани кас рашъа медамид, вале Манижа ҳаволаи душманонашро ба Худо супурда, ҳаргиз ба бадӣ бо бадӣ ҷавоб намедод, ба ягон идораи ҳифзи ҳуқуқ арзу шикоят намекард.

Ростӣ ман намедонам онҳое, ки Манижаро таҳдид мекарданд, кӣ буданд ва бо ин бонуи ҳунарманд, ки натанҳо садои нотакрор, балки дили мисли оина софу беғуборе низ дошт ва аслан дар умраш ба касе бадӣ накарада буд, чи хусумат ва душманӣ доштанд, аммо билохира Манижа тарки саҳна кард...

Инак, солҳост, ки Манижаи Давлат дар саҳна нест. Албатта саҳнаи ҳунар холӣ намондаву ҳамасола ҳунармандони нав ба нав пайдо мешаванд, вале то ба имрӯз касе натавонист ҷойи Манижаро дар дили ҳазорон-ҳазор мухлисони ҳунараш, ки сабӯрона бозгашти Манижаро ба саҳна то ба ҳол интизорӣ мекашанд,бигирад, Чаро? Чунки Манижаи Давлат як ҳунарманди беназир ва нотакрор буд! Баргард Манижаи азиз! Ба саҳнаи ҳунар баргард, зеро саҳнаи тоҷик бидуни суруду таронаҳои дилнавози ту дигар он шукуҳу шаҳомати пешинро надорад.

Фирӯза САТТОРӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД