Манижаи Сангин, тоҷикдухтари ҷасуре, ки бо суруди “Зани рус”-аш тамоми Русияро ба по хезонд, алорағми бадхоҳонаш боз як ҷоизаи бонуфузро ба даст овард...
Ҳакамони озмуни Вest Style Awards дар номинатсияи "Прорыв года” Манижаро сазовори ҷоизаи бонуфузи Вest Style Awards“ дониста, ба ин сарояндаи ҷавон дар баробари ҳайкалчаи рамзии озмун-статуэтка боз як саги хушзот ҳадя намуданд, ки хеле қиматбаҳо аст.
Сагчае, ки ба Манижаи Сангин тӯҳфа карданд, аз зоти сагҳои амрикоӣ буда, аз 150 то 400 ҳазор рубли русӣ арзиш дорад.
Сароянда аз гирифтани чунин тӯҳфаҳои ғайри интизор хеле хурсанд шуда, гуфтааст, ки тамоми комёбиву муваффақиятҳои ӯ дар ҷодаи ҳунар самари заҳматҳои модараш мебошад, ки продюссераш аст.
Манижаи Сангин дар Русия ба камол расида бошад ҳам, тоҷик будани худро ҳаргиз фаромӯш намекунад. Дар аксари либосҳое, ки Манижа дар саҳна ба бар мекунад, размҳои миллии тоҷикӣ ба назар мерасанд. Ин аз эҳтиром ва ҳуввияти баланди миллии сароянда гувоҳӣ медиҳад. Наҷиба Усмонова, модари Манижаи Сангин барои духтараш натанҳо маслиҳатгар ва продюсер, балки тарроҳ ва дӯзандаи либос низ ҳаст. Қариб тамоми либосҳои саҳнавии Манижаро маҳз модараш медӯзад.
Манижаи Сангин имсол бо таронаи “Зани рус” дар озмуни овозадори “Евровидение” Русияро намояндагӣ хоҳад кард. Бисёриҳо, ҳатто баъзе мақомдорони Русия низ муқобили аз номи кишварашон дар чунин як озмуни баландпоя баромад кардани сарояндаи тоҷиктабор баромад карда, суруди озмунии Манижаи Сангинро таҳқири ошкорои зани рус дар саҳна номиданд, аммо ба ҳама танқидҳо нигоҳ накарда, ин тарона аз ҷониби мухлисон дар ютуб канали “Евровидение” хеле гарм пазироӣ гашт. Таронаи “Русская женщина»-и Манижаи Сангинро аллакай ҳудуди 9 миллион нафар тамошо кардаанд.
Озмуни “Евровидение-2021”аз 18 то 22-май дар саҳнаи Ahoy -и Роттердами Нидерландия баргузор гашта, дар он сарояндагони машҳур аз 41 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.
Айни замон Манижаи Сангин бо тамоми ҳастӣ ба ин озмуни баландпоя омодагӣ мебинад.