Манижа Сангин (Ҳамроева), овозхони 28-солаи тоҷик, ки дар Русия зиндагӣ ва фаъолият дорад, ба радабандии “30 то 30”-и маҷаллаи молиявӣ-иқтисодии “Forbes”-и Русия дохил шуд.
Ин маҷалла нимаи моҳи апрели имсол дар сомонаи худ исми 100 нафар ҷавони ояндадори русро, ки синну солашон аз 30-сола поён аст, нашр кард ва корбарон тӯли як ҳафта тариқи овоздиҳӣ дар сомона, 30 нафари арзандаро интихоб намуданд. Ҳамин тавр, Манижа ҳамроҳи ду ҳамтои дигараш Алишер Моргенштерни 22-сола ва Катя Кишуки 26-сола дар бахши “Мусиқӣ” ғолиб омадаанд. Ҳамзамон, дар 9 бахши боқимонда “Соҳибкорӣ”, “Менеҷмент”, “Молия ва сармоягузорӣ”, “Илм ва техника”, “Таҷрибаҳои иҷтимоӣ”, “Варзиш”, “Санъат”, “Мӯд ва тарроҳӣ” ва “Васоити нав” 27 нафари дигар (3 нафарӣ аз ҳар бахш) ғолиб омадаанд, ки исми онҳо дар сомонаи маҷалла нашр шудааст. Мутаассифона, 70 нафари дигар натавонистаанд, ки комёб ва шомили рӯйхати “30 то 30” бишаванд. Ин соли дувум аст, ки маҷаллаи “Forbes”-и Русия рейтинги ҷавонони муваффақро дар бахшҳои гуногун муайян мекунад. Манижа Сангин 8-уми июли соли 1991 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, соли 1994 дар идомаи ҷанги шаҳрвандӣ бо аҳли оилааш ба Маскав кӯч бастаанд. Аввал мактаби мусиқиро дар бахши навохтани фортепиано хатм карда, баъдан тамрини овозхонӣ кардааст.
Соли 2016 албоми нахустин ва соли 2018 албоми дувумини худро пешниҳод кард, ки дар баробари сурудҳои русӣ, таронаҳои тоҷикӣ низ ба чашм мерасанд. Бо ширкатҳои “Five”, “МегаФон”, “МТС”, “Dove”, “Maybelline”, “LG” ва “Puma” ҳамкорӣ дорад, ки пайваста барои таблиғи молу маҳсулоти ширкатҳои мазкур даъват мешавад. Баъзе клипҳои ӯро дар шабакаи YouTube то 2 миллион нафар тамошо кардаанд.