Манижа Сангин, овозхони 29-солаи руси зодаи Тоҷикистон сафири ҳусни нияти Созмони Миллали Муттаҳид оид ба гурезагон дар Русия таъйин шудааст. Дафтари Комиссариати олии СММ оид ба гурезагон дар Русия санаи 14-уми декабри соли ҷорӣ ба муносибати 70-солагии ин идора Манижаро ба сифати аввалин сафири ин созмон аз Русия муаррифӣ кардааст.
Вазифаи овозхон ҳамчун сафири ҳусни нияти СММ оид ба гурезагон аз кӯмак ба муҳоҷирон, омӯзонидани забони русӣ ва дастгирии таҳсили фарзандони онҳо иборат аст. “Аз ин ба баъд ба таври расмӣ метавонам бо чунин корҳо машғул шавам: кӯмак дар таҳсил, ҷустуҷӯи ному ширкатҳои муваффақ барои ҳамкорӣ ва кӯмак ба муҳоҷирон. Барои ман бисёр муҳим аст, ки дар масъалаҳое ба монанди ҳифзи тозагӣ кор кунам.
Яъне, онҳо бояд ба маҳлулҳо ва дастпӯшҳои гигиенӣ ба таври ройгон дастрасӣ дошта бошанд”,-гуфтааст Манижа дар суҳбат ба Радиои Озодӣ. Манижа ва хонаводаи ӯ соли 1994 дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маҷбур шуданд, ки Душанберо тарк карда, ба Маскав ҳиҷрат кунанд. Ин таҷриба ба ӯ имкон медиҳад, ки кори худро дар сатҳи баланд ба анҷом расонад, зеро азоби муҳоҷиратро медонаду дарк мекунад.
Ҳамчунин, овозхон ахиран клиптаронаи худро бо номи “Шаҳри офтоб”, ки ба муҳоҷирон бахшида шудааст, нашр намуд.