Arzon march 2024
МАН БЕРОҲА НЕСТАМ, МАРДУМ!
7432

ХОСТГОРОНРО АЗ РОҲ НАЗАНЕД!

Ман Роҳат, аз ноҳияи Панҷ. Падару модарам вафот кардаанду мо чор духтару як писар ятим мондем. Бародарам хонадор аст, ду апаам ҳам кайҳо ба шавҳар баромаданд. Синну соли ман ҳам ба хонадоршавӣ расидааст, вале ҳамсояҳои ҳасуду бадхоҳамон хушбахтии маро намехоҳанд. Ҳамин ки аз дари хонаи мо даромадани ягон хостгорро диданд, ба қавле ба пӯстинашон кайк медарояд ва албатта бо ягон роҳ суроғаи ҳамон домодшавандаро ёфта мераванду талабгорони маро бо туҳмату гапҳои дурӯғ аз роҳ мезананд.

Намедонам чӣ кор кунам. Бародарам зиндагии худашро базӯр пеш мебарад, аз ин хотир, дигар барои акаву янгаам дарди сар ва нонхӯри зиёдатӣ будан намехоҳам. Бечораҳо бе ҳамин ҳам нони даҳони бачаҳояшонро бо азоб меёбанд. Намедонам аз ғайбату туҳмат ба ҳамсояҳои ношуди мо чӣ мерасад, ки садди роҳи бахти ман гашта истодаанд.

Пас аз марги падару модарам ману апаҳоям ба пахтачинӣ баромадем, то аз ҳисоби меҳнати худ маъракаҳои мотамии волидонамонро бо обрӯ гузаронем. Халқи қишлоқ ба ҳоли мо хандида, масхара карданд, ки наход одамони азодор ба пахтачинӣ бароянд. Қаҳрам омад, ки ба ҷойи ба мо, ятимон ёрӣ расондан боз писханд мезананд, дар ҷавоби суханҳои таҳқиромези онҳо ҳамон вақт чанд гапи обдор гуфта будам.

Фикр мекунам барои ҳамон рафторам имрӯз аз ман қасос гирифта истодаанд. Ҳамсояҳои бадзабонамон ҳамин хел рафтор кардан гиранд, яқин пирдухтар шуда мемонам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед. Бахтамро чӣ гуна ёбам?
Роҳати ноумед

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД