"Бори аввал мубодилаи донишҷӯёни донишгоҳи мо бо Донишгоҳи давлатии кишоварзии Иркутски Федератсияи Россия доир шуда, панҷ донишҷӯи мо дар он таҳсил мекунанд. Онҳо соли оянда хатм мекунанд ва соҳиби ду диплом, ҳам дипломи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва ҳам Донишгоҳи давлатии кишоварзии Иркутск мешаванд", - гуфт Усмон Маҳмадёрзода, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шоҳтемур дар нишасти хабарии имрӯз.
Тибқи омори ироагардида айни замон донишгоҳ бо 112 донишгоҳу донишкадаҳои 14 давлати дунё дар самти такмили касб, коромӯзии омӯзгорон, таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён ва дигар ҳамкории зич доранд.
Донишгоҳ аз 10 факулта ва 51 кафедраиборат аст, ки дар он 6629 донишҷӯ таҳсил менамоянд.