Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар хабар дод, ки тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи офатҳои табиии рӯзҳои 5, 10, 17, 18 ва 25-уми майи соли 2024 дар шаҳру навоҳии кишвар 24 бинои истиқоматӣ осеб дидааст, ки аз ин 15 хона пурра ва 9 манзили истиқоматӣ қисман зарар дидаанд.
Илова бар ин, тибқи маълумоти пешакӣ, биноҳои шаш муассисаи таҳсилоти миёна ва томактабӣ, 260 километр роҳ, 27 пул, 15,2 километр хати интиқоли қувваи барқ, 0,8 километр хати алоқа, 87,7 километр иншооти ҳифзи соҳил, 92,6 километр хати обгузар, 14,7 километр партобҳои сел, 2 километр шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия, 10 стансияи обкашӣ ва иншооти гидротехникӣ, 1076 гектар замини кишоварзӣ, 137 сар чорвои калон, 501 сар чорвои хурд, 62 паранда, 169 хонаводаи занбӯрони асал ва 26 ҳавзи моҳӣ осеб дидаанд.
Аз 3-юм то 26-уми майи соли 2024 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 256 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки тибқи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру ноҳияҳо ба маблағи беш аз 44 миллион сомонӣ хисорот расидааст.
- Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулода ҷиҳати рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ 157 ҳазору 70 литр сӯзишвории дизелӣ, 290 тонна семент, 10100 метри мураббаъ габион, 7 тонна арматура ва 6700 метр сим ва 10 тонна сими пӯлоди қутраш 3,5 миллиметр ҷудо ва ба манотиқи осебдида расонида шуд,- меафзояд манбаъ.
Кумита бо мақсади ҳифзи аҳолӣ аз минтақаҳои хатарнок дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ навбатдории шабонарӯзӣ ташкил намуда, дар рӯзҳое, ки хатари омадани сел вуҷуд дошт, дар манотиқи мухталиф 5550 нафарро муваққатан ба ҷойи амну бехатар интиқол додаанд.
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии осебдидаву зарардида орди навъи аввал, шакар, равғани пахта, нахӯд, биринҷ, картошка, сабзӣ, пиёз, васоили хоб, мӯзаҳои резинӣ, аробаи дастӣ, белу каланд кумак кардааст.
КҲФ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба 1174 оилаи зарардида аз ҷумла сӯзишвории дизелӣ, орд, равған, нахӯд, бастаҳои беҳдоштӣ ва ҳабҳои безараргардонии оби нӯшокӣ кумак расонидааст.
Ҳамчунин, тасмим гирифта шудааст, ки ба 1500 оилаи дигар дар шакли орд, равған, нахӯд, бастаҳои беҳдоштӣ ва ҳабҳои безараргардонандаи оби нӯшокӣ кумак расонанд.