Пас аз як боздиди вазири тозатаини маориф аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и шаҳри Ваҳдат мизу курсиҳои нав тақдим карда шуд.
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон 15 марти соли ҷорӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 шаҳри Ваҳдат дида карда, аз вазъи таълиму тарбия, ҳолати физикии муассисаи таълимӣ ва мушкилиҳои ҷойдошта аз наздик шинос гардид.
Дар вохӯрӣ бо омӯзгорони муассисаи мазкур таъкид гардида буд, ки яке мушкилоти асосӣ норасоии ҷойи нишаст мебошад.
Бо дархости омӯзгорон ва мусоидати Вазорати маориф ва илм имрӯз ин мушкилӣ ҳалли худро ёфт ва ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 шаҳри Ваҳдат барои 50 ҷои нишаст мизу курсиҳои таълимӣ тақдим карда шуд.