Arzon march 2024
Мактаббачаҳои тоҷик аз Олмон 11 медал оварданд
793


Дар шаҳри Франкфурти Олмон , мусобиқаи зеҳнӣ аз фанҳои дақиқ, баргузор шуд. Дар ин мусобиқаи зеҳнӣ Тоҷикистонро хонандагони литсейи кӯдакони лаёқатманди шаҳри Хуҷанд намояндагӣ карданд.

Хонандагони болаёқати литсей аз фанҳои математика, технологияҳои иттилоотӣ ва табиатшиносӣ дониши худро дар амал нишон доданд ва бо медалу ҷоизаҳои арзанда ба Ватан баргаштанд...
Мактаббачаҳои тоҷик дар Олмон донишу маҳорати хуби худро аз фанҳои дақиқ собит намуда, соҳиби 4 медали тилло, 4 нуқра, 3 медали биринҷӣ ва ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.

Сурайёхон Неъматзода, директори муассисаи таълимӣ гуфт, олимпиадаи фаннӣ 23 -юми июл аз фанни математика ва 24-уми июл аз фанни табиатшиносӣ ва технологияи иттилотӣ баргузор гардида, хонандагони болаёқати литсей дониши худро аз рӯи 2 фанни таълимӣ санҷиданд ва ғолиби олимпиада гаштанд.

Ҳамин тавр Ҳасанов Сафархон, Аҳророва Ясминахон, Негматуллоев Акмалҷон аз фанни математика ва Мамадҷонов Меҳроҷ аз фанни табиатшиносӣ соҳиби ҷойи аввал ва медалҳои тилло, Маъсумова Фарина ва Саидаҳматзода Салимбек аз фанни математика ва табиатшиносӣ соҳиби ҷойи 2 -юм ва медалҳои нуқра, Ҳасанов Сафархон, Аҳророва Ясмина, Мамадҷонов Меҳроҷ аз фанни табиатшиносӣ соҳиби ҷойи 3-юм ва медалҳои биринҷӣ ва Негматуллоев Акмалҷон аз фанни табиатшиносӣ соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Дар маҷмӯъ дастаи олимпии Тоҷикистон дар ин олимпиадаи фаннии сатҳи ҷаҳонӣ 12 ҷойҳои ифтихориро соҳиб шудааст, ки ин натиҷаи беҳтарин дар байни 93 кишвари олам мебошад. Дар ин озмуни фанни қариб 8 ҳазор иштирокчиён аз кишварҳои мухтаифи олам ширкат доштанд ва ин дасмтоварди мактаббачаҳои тоҷик воқеан беназир аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД