arzon replenishment
Маҳфили ҳунарии Гуландом Сафаралиева дар театри Лоҳутӣ
1516

Имрӯз дар Театри академӣ-драммавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ маҳфили эҷодии “Гули саҳна” баргузор мегардад.

Тавре директори Театри академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ Абдукарим Машрабов зимни суҳбат бо мо гуфт, ин маҳфили зебои ҳунарӣ ба 60-солагии фаъолияти эҷодии бонуи сар то по ҳунар - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гуландом Сафаралиева бахшида шудааст. Маҳфил соати 17:30 оғоз хоҳад ёфт. Иштироки вазири фарҳанги ҷумҳурӣ ё муовинони вазир дар барнома дар назар аст.

Гуландом Сафаралиева 25-уми июни соли 1946 дар деҳаи Дошманди Кӯлоб чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ин бонуи ҳунарманд соли 1964 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо хатм намудааст ва беш аз 40 сол дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ заҳмат кашида, зиёда аз 70 образҳои хотирмон офаридааст. Гуландом Сафаралиева аз зумраи ҳунарпешаҳои ангуштшуморест, ки ҳам дар намоишномаҳои фоҷиавӣ ва ҳам дар мазҳака бо маҳорати баланд нақш бозида метавонад. Ин ҳунармнади бомаҳорат дар ҳар як образи офаридааш олами ботинии қаҳрамонашро амиқ мекушояд. Махсусан дар намоишномаҳои “Фоҷиаҳои хурд”, “Ҳуррият”, “Хизматгори ду хоҷа”, “Ваня тағо”, “Эзоп”, “Гамлет”, “Шоҳ Лир”, “Тӯй”, “Имтиҳон”, “Бой ва хидматгор”, “Интизорӣ”, “Охирин арӯси амиралмуъминин”, “Афсонаҳои мӯйсафед”, “Эдип”, “Нодира”, “Зебунисо” Гуландом Сафаралиева образҳои хеле ҷолиб офаридааст.

Барои хизматҳои арзандааш дар рушду нумуъи санъати театрии тоҷик Гуладом Сафаралиева соли 1989 ба унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 1998 ба унвони хеле баланду олии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор гардидааст.

Гуландом Сафаралиева ҳамсари Ҳунарманди Халқии СССР Ҳошим Гадо буда, аз издивоҷ бо Суҳроби саҳнаи тоҷик 2 фарзанди баркамол дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД