Sebiston new 2024 october
МАДИНА БАСАЕВАРО АЗ РУСИЯ “ДЕПОРТ” МЕКУНАНД?
5298

Мадина Басаева (Дина Саева), блогери 21-солаи руси зодаи Тоҷикистон, яке аз гаронарзиштарин ва сердаромадтарин блогерони Русияро аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум кардан мехоҳанд.

Дар ин хусус худи Басаева дар Инстаграм хабар додааст. “Дарки маҳрум шудан аз шаҳрвандӣ бароям хеле ҷолиб аст”,-навиштааст Мадина, ки ӯро “Маликаи “Тик-Ток” низ мегӯянд. Басаева сабаби мушкилот бо шаҳрвандиашро пурра шарҳ надодааст. Қарори ниҳоии Суд дар ин бора санаи 23-юми июли соли равон бароварда хоҳад шуд. Феълан Мадина Басаева дар ҷустуҷӯи адвокати таҷрибадор аст, то аз ҳуқуқҳои ӯ дар рӯзи мурофиа ҳимоя намояд. Ҳамчунин, ӯ ба мухлисонаш муроҷиат кардааст, ки агар муддате ғайб занад, хавотир нашаванд, чун бо мушкилиҳои ба сараш омада машғул аст ва муваққатан фаъол буда наметавонад.

Мадина дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, ҳамагӣ 1 сол дошт, ки хонаводаи ӯ ба шаҳри Екатеринбурги Русия кӯч бастанд ва шаҳрвандии Русияро дарёфт карданд. Маликаи “Тик-Ток” ғайр аз худ, ду хоҳар ва як бародари дигар дорад, ки феълан ҳамагӣ шаҳрвандони Русия мебошанд. пас аз баргузор шудани мурофиа, бо пайдо кардани иттилои тоза шуморо дар нашрҳои минбаъда огоҳ хоҳем кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД