Formula novemver 2024
МАДИНА АҚНАЗАРОВА КОРМАНДИ ТСЕЛЛ ШУД?
3188

 

Овозхони ҷавону муваффақи кишвар Мадина Ақназарова чеҳраи ширкати мобилии Tcell интихоб шуд. Дар ин бора овозхон дар саҳифаи Инстаграми худ иттилоъ додааст.

Аз ин ба баъд Ақназарова барномаҳои ҷадид ва пешниҳоду навгониҳои ширкатро дар бозори Тоҷикистон муаррифӣ ва таблиғ хоҳад кард. Овозхон аллакай дар як навори кӯтоҳ баромад намуда, барномаи “Эко”-и ширкати Tcell-ро муаррифӣ мекунад. Ин барнома бар зидди паҳншавии вируси навъи COVID-19 ва кӯмак ба нафарони аз ин беморӣ осебдида раҳандозӣ гардидааст. Яъне муштариён метавонанд, ки тарофа ва бастаҳои барномаи “Эко”-ро харидорӣ карда, бо ин роҳ барои пешгирии COVID-19 саҳм гузоранд, зеро як қисми ин маблағҳо ба хазинаи пешгирӣ аз вирус гузаронида мешавад. Иштирок дар барномаи “Эко” ихтиёрист ва аз муштариён маблағи иловагӣ ситонида намешавад. Танҳо як қисми маблағе, ки онҳо ҳар моҳ барои истифодаи интернет аз ширкати Tcell пардохт мекунанд, ба фонди пешгирии COVID-19 интиқол дода мешавад. Чанде қабл Мадина Ақназарова ҳамроҳи чанд тан овозхони дигари кишвар дар як аксияи хайриявӣ иштирок намуда, барои кӯмак ба 50 оилаи ниёзманд саҳм гузошта буданд. Ин бори аввал нест, ки Ақназароваро барои таблиғи молу маҳсулоти ширкатҳои гуногун даъват мекунанд. Қаблан низ ӯ барои таблиғи Galaxy A80 аз ширкати “Samsung” ва Аввалин бонки молиявии хурд ҷалб шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД